Абуласвади Дуалӣ, ки номаш Абуласвад Салим ибни Амрн Ибни Ҷандал ибни Ямар ибни Ҳилс ибни Нуфатҳа ибни Ади ибни ал-Дил ибни Бакр, лақабаш Ал-Дилӣ ё ад-Дуалӣ мебошад, шоир, шарики Алӣ ибни Абӯтолиб буд ва илми имлоро низ хеле балад буду қоидаҳои зиёдеро ба грамматикаи забони арабӣ ворид кард.
Вақте ки густариши бузурги Империяи Исломӣ навпазируфтагони ин дини мубинро то рафт бештар фаро мегирифт ва ин ҳама мардуми қавму миллатҳои гуногун мехостанд, қуръонро биомӯзанд ва иқтибос кунанд, зарурати қабули низоми расмии имлоро ба миён овард. Абӯасвад Дуалиро арабҳо ҳамчун падари грамматикаи араб қадр мекунанд. Қоидаҳои дар имло тартибдодаи ӯ, дар навбати худ, боиси таъсиси аввалин мактаби бузурги грамматика дар Басра гардид, ки онро танҳо мактабе ҳамчунин дар Куфа рақобат карда метавонист. Ин олим ҳаракатҳоро аз қабили зеру забару пеш дар шакли хаттӣ ҷорӣ намуда, аввалин рисолаҳо оид ба забоншиносӣ ва грамматикаи араб (илми наҳв) навишта буд. Вай шогирдон ва пайравони зиёде дошт.
Тафовути ҳамсадоҳоро иҷам (ё накт) меноманд. Нишон додани садонокҳо бошад, ташкил ном гирифтааст. Системаи калони нуқтаҳои Ад-Дуалӣ ҳардуи ин масъаларо баррасӣ карда, саргардонии хонандагонро бартараф кард ва тарзи хондан ва навиштани калимаҳои арабиро равшан сохт. Сарфи назар аз самаранокии онҳо, нуқтаҳои калон дар чопи хати хурд ва ғайр аз маҷмӯи маҳдуди скриптҳо (навишторҳо) душвор буданд.
Барои бо андозаи хурду калон навиштани нуқтаҳо, ё ҳуруф вақти зиёд лозим аст. Ҳамин тариқ, волии Умавиён ал-Ҳаҷоҷ ибни Юсуф ас-Сакафӣ аз ду шогирди ад-Дуалӣ хоҳиш кард, ки як тарзи наверо ҷорӣ намоянд ва ба низом оранд, ки соддатар ва муассиртар бошад. Системаи нави ташкилӣ (вокалистӣ) аз ҷониби Ал-Халил ибни Аҳмад ал-Фароҳидӣ таҳия шудааст. Он аз ибтидои асри 11 барои хатти арабӣ васеъ истифода мешуд.
Аксари олимон фикр мекунанд, ки грамматикаро Абуласвади Дуалӣ ихтироъ кардааст ва ба ӯ донишманди дигари он даврон Алӣ ибни Абӯтолиб таълим додааст. Дигарон мегӯянд, ки Наҳр ибни Ҳимуддудалӣ, ки онро Ал-Лайтӣ низ меномиданд, грамматикаро таҳия кардааст. ”Ин ақидаи забоншинос Абуҳубайдо (соли вафоташ 210 ҳ.қ.) ва луғатшинос Зубайдӣ (соли вафоташ 397 то мелод) мебошад, ки дар бораи Абуласвад гуфтааст: «Вай аввалин касе буд, ки [илми] забони арабиро пайдо кард,ё худ созмон дод, усулҳои онро ба вуҷуд овард ва қоидаҳои онро муқаррар кард.»
Абуҳубайда мегӯяд: Ал-Дуалӣ аз Алӣ ибни Абитолиб илми имлоро ёд гирифтааст, аммо онро ифшо накард ва вақте Зиёд аз ӯ хоҳиш кард, ки барои баланд бардоштани саводнокии миллӣ дастури грамматикаро нависад, вай рад кард.
Аммо, вақте ки ӯ шунид, ки яке аз хонандагони Қуръон ояти савуми сураи нӯҳумро чунин қироат кард: «Худоро бутпарастон ва Расули Ӯ тарк кардаанд», ба ҷои он ки бихонад: «Худо аз бутпарастон ва Паёмбараш низ аз бутпарастон рӯй тофтаанд» Яъне дар ин ҷо ба ҷойи як падеж падежи дигар истифода шуда, пасванди тағирёфта маънои ҷумларо батамом тағир дод ад-Дуалӣ бо фармони амир розӣ шуда, дар бораи субъекту объект навиштааст. Ӯ аввал як котиби доно ва итоаткорро пурсид. Онҳо аз котиби аввалин, ки қабилаи Абдулқайс буд, қаноат накарда, барои котиби дуввум дархост фиристоданд.
Тарзи гуфтори муассиркунандае дошт олим, ки Абу Саниди Сирафӣ нақл кард, ки чӣ гуна рӯзе Ад-Дуалӣ бо як форс аз Нубандаҷон бо номи Саъд мулоқот мекунад. Саъд ва гурӯҳе аз форсизабонони дигар исломро қабул карданд ва ҷонибдори Қудама ибни Манун шуданд.
Ал-Дуалӣ, пай бурд, ки Саъд дар пеши аспаш қадам мезанад, пурсид: «Эй Саъд, чаро намеравӣ?» Ба ин суол Саъд чунин ҷавоб дод: «Аспи ман зӯр аст ва баъзе аз роҳгузарон хандиданд. Вай мехост ланг будани аспашро гӯяд. Сипас ад-Дуалӣ онҳоро, яъне мардуми хандидаистодаро сарзаниш карда гуфт: «Ин Маволӣ (ғайрирабҳои муқими кишварҳои арабӣ) дини исломро қабул карданд ва бародарони мо шуданд, аммо мо ба онҳо сухан гуфтанро ҳоло наомӯхтем.
Эй кош як қатор қоидаҳои имлоро барояшон муқаррар карда метавонистем.
Дар китоби «Ал-Фихрист» -и Ан Надим андешаро тасдиқ мекунад, ки ад-Дуалӣ аввалин грамматик буд.
Вай ба ҷамъкунандаи китобҳо Муҳаммад ибни ал-Ҳусейн дар шаҳри Ҳадис ташриф овард, ки олиҷанобтарин китобхонаеро, ки ал-Надим то ҳол надида буд, дошт. Дар он китобҳои арабӣ оид ба грамматика, филология ва адабиёт ва инчунин китобҳои қадимӣ мавҷуд буданд. Вай якчанд маротиба ташриф оварда, маҷмӯаро саросар аз назар мегузаронид.
Ҷамъоварандаи китобҳои қадимаи куфонӣ ба ӯ сандуқи калонеро, ки Ал-Ҳусейн гузошта буд, нишон дод. Дар ин сандуқе, ки пур аз коғазҳо, ҳуҷҷатҳо, варақаҳои коғазӣ аз Миср, Чин, Тихама, пӯсти “адам” (навъи коғази пергаменти Адим) ва коғазии Хуросон, ки Ан-Надим дидааст, пур буданд, бастаҳои грамматика ва ёддоштҳои забон бо дасти олимоне ба монанди Абӯ Амр ибни Ало, Абӯ Амри Шайбонӣ, Асмонӣ, Ибни Аръабӣ, Сибавайҳ, ал-Фарр ва Ал-Кисой ва инчунин хатти ҳокимони ҳадис ба монанди Суфён ибни ‘ Уяйна, Суфён ал-Саурӣ, ал-Аузонӣ ва дигарон навишта шуда буданд .
Дар байни онҳо далоили хаттӣ ҳам буданд, ки грамматика аз Абуласвад [ад-Дудалӣ] омадааст. Дар чор варақ, ки ба коғази чинӣ монанд буд, дар мактубе аз Яҳё ибни Ямар аз Бану Лейс «Мушоҳидаҳо дар мавзӯъ ва ашё» навишта шудааст. Дар зери ин ёддоштҳо, ки бо хушнависии қадимӣ навишта шудааст: «Ин дастхати Аллан Грамматика аст» ва дар зери он «Ин дастнависи ал-Наур ибни Шумайла мебошад.» барин навишторҳо буданд.
Дар бораи ном, насаб ва аҷдодони ӯ андешаҳои гуногун мавҷуданд. Вай дар Басра зиндагӣ мекард, оқил, зирак ва яке аз маъруфтарин Таби (сокинони Басра) буд. Вай дар муҳорибаи Сиффин таҳти фармондеҳии Алӣ ибни Абитолиб ширкат карда ва грамматикаро ихтироъ кардааст. Алӣ принсипи се қисми нутқро баён кард; исм, феъл ва ҳиссача ва ба ӯ гуфтааст, ки дар ин бора рисолае бинависад.
Мегӯянд, ки ӯ мураббии фарзандони ҳокими Ироқи Арабу Форс Зиёд ибни Абих буд. Вақте ки ӯ пай бурд, ки нутқи арабӣ аз ҷониби муҳоҷирони хориҷӣ таъсир дорад, аз Зияд иҷозат пурсид, то барои истифодаи дурусти худу дигарон дастур тартиб диҳад. Дар аввал амир рад кард, аммо пас аз муддате, ки иштибоҳоти хандовару масхараомезеро дар ҳоли талаффузоти нодуруст шунид, ба пешниҳод розӣ шуд.
Ҳамин тавр ӯ санъати грамматикаро ихтироъ кард. Писари Ад-Дуалӣ — Абуҳарб мегӯяд, ки қисми аввали кори падари ӯ (санъати грамматика) ба «феълҳои ифтихорӣ» бахшида шудааст. Китоби қоидаҳои имлоро “Наҳв” номгузорӣ карданд.
Якчанд далелҳо аз зиндагии мушкили ин олим низ боқӣ мондаанд. Яке аз онҳо чунин аст: вақте ки Абӯл-Асвад ба хотири як ҳамсояаш мушкилот дошт ва маҷбур шуд, то ба хонаи дигар кӯчид, касе пурсид: «Пас хонаи худро фурӯхтед?» Вай ҷавоб дод: «Балки ман ҳамсояамро фурӯхтам».
Вақте ки Ибни Ҳорис ибни Қалод ат-Тақафӣ пай бурд, ки дар тан ҷомаи дарида дорад, пурсид: «Оё шумо аз ин ҷома хаста нашудед?» Вай дар ҷавоб гуфт: «Баъзе чизҳои хастакунандаро рад кардан ғайриимкон аст.» Сипас дигаре ба ӯ 100 ҷома фиристод.
Ниҳояти умр ин олим аз бемории вабои дар он даврон хурӯҷ карда, дар синни ҳаштоду панҷсолагӣ фавтид ва ҷое дигар гуфтаанд, ки қабл аз шуйӯъи вабо аз фалаҷшавии аъзо фавтида буд. Бархе гуфтаанд, ки дар хилофати Умар ибни Абдулазиз солҳои 717-720 аз олам гузаштааст.
Соима Саидӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

