Sunday, February 22, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФавти боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемории СOVID-19

Фавти боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемории СOVID-19

Вазорати тандурустӣ аз фавти боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемории СOVID-19 хабар медиҳад. Шумораи умумии қурбониёни аз ин беморӣ аз 30-уми апрел то ба 28-уми октябр расман ба 82 нафар расид.

Ба гуфтаи вазорат, дар шабонарӯзи охир дар кишвар гирифторшавии 40 нафари дигар ба ин беморӣ ошкор шуд ва дар маҷмӯъ шумораи гирифторон дар мамлакат ба 10900 нафаранд.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%) расид.

Коршиносони мустақил ба омори расмӣ дар мавриди маргу мир аз КОВИД-19 ва ҳам сироятёбӣ ба короновирус дар Тоҷикистон бо чашми шубҳа менигаранд ва мегӯянд, эҳтимол шуморАи фавтидагон ва сироятёфтагон ба беморӣ ба маротиб аз омори расмӣ бештар бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular