Sunday, February 22, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСайидмукаррам ҳар ду тарафи ҳодисаи қатли муаллим дар Фаронсаро маҳкум кард

Сайидмукаррам ҳар ду тарафи ҳодисаи қатли муаллим дар Фаронсаро маҳкум кард

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон куштори омӯзгори фаронсавӣ аз ҷониби як ҷавони 18-солаи мусалмонро қобили қабул надонист ва ҳамзамон рафтори омӯзгор, ки ба шогирдон аксҳои тавҳиномези паёмбари исломро нишон дод, маҳкум кард.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рузи 28‑уми октябр ба расонаҳо гуфт, амали ҷавони ҳамлавар ва ҳам омӯзгоре, ки карикатураҳои паёмбарро ба шогирдонаш нишон дод, қабул надорад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода афзуд, дар ин ҳодиса набояд тамоми миллати Фаронсаро таҳқир кард.

Муфтии Тоҷикистон гуфт, “Мисли ҳамин, агар як мусалмон даст ба амали ғайриинсонӣ зад, исломро террористию хунрезу тундгаро гуфтан ҷоиз нест ва бигзор номи ҳамон фарде, ки кори ноҷо анҷом додааст, бурда шавад ва худи ҳамонро муҷозот карду маҳкум кард. Ҷавоне, ки ба ин кор даст зад, мо албатта, ин корро қабул надорем. Набояд мусулмон, яъне ба сарбурии якнафари дигар, новобаста аз оне ки он чӣ кор кардааст, чӣ гуноҳ кардааст, даст бизанад. Мо инро қабул надорем”.

Ёдовар мешавем, ки санаи 17‑уми октябр Самуэл Пати, муаллими 47-солаи таърих ва ҷуғрофиё пас аз нишон додани карикатураҳои паёмбари ислом дар дарс, дар берун аз мактаб аз сӯи як ҳамлавари 18-солаи чечентабор сар бурида шуд.

Пас аз ин ҳодиса Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи исломгароии ифротӣ ва таҳдиди он ба арзишҳои дунявӣ ҳушдор дод ва гуфт, Фаронса «карикатураҳоро раҳо нахоҳад кард».

Изҳороти президенти Фаронса мавҷи вокунишҳоро дар олами ислом дар пай дошт. 

Бархе аз чеҳраҳои шинохтаи мазҳабӣ ва сарони кишварҳои мусалмонӣ намоиши карикатураҳоро маҳкум кардаанд, вале Эмануэл Макрон омӯзгорро «қаҳрамони сокит» ва куштори ӯро «ҳамлаи террористии исломӣ» номид. Макрон гуфт, Ислом дар як вазъи буҳронӣ қарор дорад ва ӯ сокинони кишварашро ба ҳифзи арзишҳои дунявӣ ва Фаронсаи дурӣ аз «Исломи ифротӣ» даъват кард.

Аммо ,Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, таҳқири паёмбари тақрибан ду миллиард инсони рӯйи замин кори дуруст нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular