Saturday, February 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТеракт дар наздикии Нотр —Дам —де Нитса

Теракт дар наздикии Нотр —Дам —де Нитса

Наздикии Нотр — Дам — де Нитса як фарди мусаллаҳ ба роҳгузарон ҳамла намуд. Ӯ сари як занро аз тан ҷудо карду дуи дигаро ҳадафи тир қарор дод

Теракти мудҳиш дар наздикии Нотр — Дам — де Нитса тақрибан соати 11:00 ба вақти Маскав рух дод. Бар тибқи маълумоти расмӣ, фарди ношинос бо истифода аз корд сари як зани роҳгузаро бурида, чанд нафари дигарро ҳадафи тир қарор дод.

Бо такя ба маълумоти ахир, бар асари ин теракт дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки ҳамлаварро дастгир ва шахсияташро муайян созанд.

Ҳоло омили асосии даст задан ба ин амали нангин дақиқ мешавад.

Раиси шаҳри Нитса Кристиан Эстрози ҳодисаи мазкурро амали террористӣ арзёбӣ кард.

Дақиқан, чанд ҳафта пеш дар Фаронса ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон сари профессори коллеҷ аз тан ҷудо карда шуд. Омӯзгори марҳум ба донишҷӯёни худ тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммад (с) — ро нишон медод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular