Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл бо интиқод аз интишори карикатураи таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом (с) тавҳин ба ақоиди мазҳабиро ғайри қобили қабул хонд.
Тавре «Риа новости» менависад, сухангӯи Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар вокуниш ба афзоиши хушунат бар асари интишори карикатури таҳқиромез дар мавриди Паёмбари ислом ( с ) дар Фаронса гуфтааст, ки бояд аз иқдомоти тавҳиномез худдорӣ кард.
Песков афзуд тавҳин ба муқаддасоту ақоиди мӯъминин ва ҷариҳадор кардани эҳсосоти онҳо ғайриқобили қабул аст.
Пас аз қатли Самуэл Патӣ, як омӯзгори фаронсавӣ, ки ба шогирдонаш карикатураҳои таҳқиромезро дар бораи Паёмбари гиромии Ислом нишон дод, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон мусалмононро масъули қатли ӯ муаррифӣ кард ва изҳор дошт, ки мусалмонон ният доранд ин кишварро нобуд кунанд.
Макрон ҳамчунин дар изҳороти худ эълом кард, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатурҳои таҳқиромез алайҳи Паёмбари гиромии ислом ( с ) идома хоҳад дод.
Ин изҳороти исломситезонаи Макрон бо интиқодҳо ва маҳкумиятҳои густардаи мардуми мусулмон, мақомҳо ва шахсиятҳои ҷавомеи исломӣ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.
Дар Маскав, пойтахти Русия дар назди сафорати Фаронса тазоҳуроти маҳкумияти интишори тасовири таҳқиромези зиддиисломӣ баргузор шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

