Дар масҷидҳои Қазоқистон барои гузоштани намозҳои панҷвақтаи дастаҷамъӣ иҷозат дода шуд. Намози ҷумъа бошад, то ҳол бо сабаби карантина мамнӯъ аст
Бино ба иттилои primeminister.kz. дар Қазоқистон таҳти роҳбарии сарвазири ин кишвар Аскар Мамин ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки дар ҷараёни ҷаласа қоидаҳои нави фаъолияти масҷидҳо ва театрҳо эълон карда шуданд, ки аз 2 ноябр татбиқ карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, сар аз 2 ноябр ба масҷидҳо иҷозаи намозҳои панҷвақта дода мешавад.
Дар баробари ин, таъкид шудааст, ки ҳангоми намоз набояд беш аз 100 нафар намозгузорон дар толор ҳузур дошта бошанд ва намозгузорон ҳама бо ниқоб оянд ва миёнашон бояд ду метр фосила бошад.
Намози ҷумъа бошад ҳанӯз ҳам манъ аст.
Дар баробари масоҷид, кори театрҳо низ муҳокима шуда, зикр шудааст, ки толорҳо бояд то 30% пур карда шаванд — на бештар аз 100 тамошобин. Дар ин ҷо низ бояд масофаи иҷтимоӣ риоя карда шавад.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан театрҳо иҷозат доштанд, ки толорро 50% пур кунанд – тамошобинон як курсӣ пас бишинанд.
Дар Тоҷикистон низ бинобар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дари масоҷид ҳанӯз пӯшида аст.
Мақомоти тоҷик низ дар бораи кай боз шудани он ҳоло иттилое ироа накарданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

