Friday, February 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон платформаи иттилооти кишоварзӣ таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон платформаи иттилооти кишоварзӣ таъсис ёфт

Дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар заминаи сомонаи интернетии платформаи иттилооти кишоварзӣ таҳия шуд.

Ин платформаро дар доираи лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, ки аз ҷониби як Муассисаи давлатии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати “НИРАС” татбиқ шудааст, Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, зимни баргузории чорабиниҳои гуногуни байнулмилалӣ ширкатҳои Русия ва кишварҳои ИДМ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва ба сурати умум, маълумот дар бораи Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии ҳамкории дарозмуддат дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Бар асоси маълумоти ҷамъоварда тасмим гирифта шуд, ки як воситаи универсалие таъсис дода шавад, то дастрасӣ ба маълумот дар ин самт беҳтар гардида, ба пешбурди содироти сабзавоту мева аз кишвари мо бозорҳои кишварҳои узхви ИДМ мусоидат карда шавад.

Платформаи мазкур барои ширкатҳо, соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баҳри мусоидат ба онҳо дар воридоту содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular