Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeСиёсатПолковники собиқи тоҷик дар ҷанг дар Украина нопадид шудааст

Полковники собиқи тоҷик дар ҷанг дар Украина нопадид шудааст

Як сарҳанг (полковник)-и собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби “Маҳмади Вандам”, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина ширкат дошт, нопадид шудааст.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, Маҳмадҷон Бозоров то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият мекард. Соли 2015 ӯро дар Тоҷикистон ба иттиҳоми “авбошӣ” гунаҳкор донистаанд, пас аз он ба Русия кӯчида, шаҳрвандии ин кишварро гирифтааст. Ӯ дар Русия бо ҳафт фарзандаш зиндагӣ мекард ва ба фаъолияти низомӣ машғул буд.

Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси Маҳмадҷон Бозоров нашр шуда, гуфта шуд, ки ӯ дар майдони ҷанг кушта шудааст. Вале пайвандонаш ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Ба гуфтаи бародараш Сафар Бозоров, ним моҳ боз аз Маҳмадҷон хабаре нест. Вай афзуд, ки бо фармондеҳи ӯ тамос гирифта, маълумоти бештарро интизор ҳастанд.

Тибқи гузоришҳо, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба артиши Русия пайваста буданд ё бо ваъдаҳои осон гирифтани шаҳрвандӣ ба ҷанг сафарбар шудаанд, дар Украина кушта, асир ё нопадид шудаанд.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба мисли Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, барои иштирок дар ҷанг алайҳи Украина баъзе афрод ҷазо дода шудаанд. Вале дар Тоҷикистон то кунун маълум нест, ки касе барои чунин ҳолатҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад.

Мақомоти Тоҷикистон пештар ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Русия ва Украина ширкат накунанд, вале чораҳои мушаххас ё расонаӣ кардани онҳо дида нашудааст.

Ин ҳолат боиси нигаронии ҷомеаи тоҷикон дар бораи иштирок ва сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои хориҷӣ мегардад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?