Thursday, February 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХатлон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кард

Хатлон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кард

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр давом меёбад.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти сераҳолитарини Тоҷикистон — Хатлон 100 дарсад иҷро гардид.

Дар ин бора шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон ва Темурмалик нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро кардаанд, менависад АМИТ «Ховар».

Ба гуфти масъулини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, феълан наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр давом меёбад.

Ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular