Thursday, February 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШаҳрҳои миллиардер дар вилояти Суғд?

Шаҳрҳои миллиардер дар вилояти Суғд?

Имсол дар вилояти Суғд ду шаҳр ҳамчун «шаҳри саноатии миллиардер» ба қайд гирифта шудаанд. Инҳо шаҳри Гулистон, ки аз ҷониби коргоҳҳои саноатии он дар давоми 11 моҳ ба маблағи 1,9 млрд ва шаҳри Панҷакент, ки ба андозаи 1,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, мебошанд.

Дар инбора АМИТ “Ховар” хабар нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли равон ба саноатчиёни вилояти Суғд муяссар гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6,2 млрд. сомонӣ расонанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2 млрд сомонӣ зиёд буда, бо нархҳои амалкунанда ба 147,5 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 139,1 фоиз баробар мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular