Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЮтэйр иҷозаи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро дарёфт кард

Ютэйр иҷозаи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро дарёфт кард

Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии “Ютэйр” барои ташкили парвозҳои чартерӣ аз Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Сургут иҷозат дод.

Тавре дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, Тоҷикистон ва Русия парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Маскав мувофиқа кардаанд .

Ҳамин тавр Ширкати ҳавоии “Ютэйр” иҷозати мақомоти Тоҷикистонро барои парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Маскав ва Хуҷанд — Сургут гирифтааст.

Ҳамин тавр,  дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба Русия қарор аст чаҳор парвоз сурат гирад. Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав 7, 14, 21 ва 28 ноябр анҷом хоҳанд ёфт.

Парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд Сургут танҳо баъд аз таҳияи рӯйхати мусофирон сурат хоҳад гирифт.

Таъкид шудааст, ки парвозҳои мазкур барои эъзоми шаҳрвандони Русия ва шахсони ҳуқуқи омадан ба Русиро доранд пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сафорат таъкид кардааст, ки тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амниятии Русия шахсони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки иҷозати иқомат дар Русия доранд наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳамин тавр, нафароне, ки  иҷозати иқомат дар Русия доштанд ва дар замони маҳдудиятҳо ба сабаби паҳншавии вируси корона Русияро тарк карданд, имкон дорад ба ба Русия дигарбора ворид шуда натавонанд.

Нафароне, ки ҳаққи ворид шудан ба Русияро надоштанд, наметавонанд дубора ба ин кишвар ворид шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular