Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМақомоти Ӯзбекиситон барои бунёди «Маркази тамаддуни исломӣ» 241 хонаро тахриб мекунанд

Мақомоти Ӯзбекиситон барои бунёди «Маркази тамаддуни исломӣ» 241 хонаро тахриб мекунанд

Барои бунёди «Маркази тамаддуни исломӣ» дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканди Узбекистон бояд 241 хона тахриб шавад. Дар ин бора аз маркази матбуотии ноҳияи Олмазор хабар доданд.

Бино ба хабарҳо, то ин замон 237 хона тахриб шудааст. Сокинони ин хонаҳоро ба бинои баландошёнае дар ноҳияи Яшнобод кӯчонидаанд.

«Бо пешниҳоди комисияи вижа, хонаҳои нав ба соҳибонашон тақдим шудаанд. Дар рӯзҳои наздик хонаҳои боқимонда тахриб мешаванд», — омадааст дар хабари ноҳияи Олмазор.

Сохтмони бинои нав ва маҷмааи илмии Маркази тамаддуни исломӣ бо қарори президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2017 шуруъ шуда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular