Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКашфи 172 кило маводи мухаддир дар як қатори Тоҷикистон

Кашфи 172 кило маводи мухаддир дар як қатори Тоҷикистон

Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар дод, ки мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии ин кишвар дар посгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон аз махфигоҳҳо дар як қатори боркаш, ки «аз кишвари ҳамсоя тариқи транзит тавассути Ӯзбекистон ҳаракат мекард», 172,5 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд. Ибтидо дар зери яке аз вагонҳо махфигоҳеро пайдо карда, аз дохили он наздики 12 кило ҳероин, 2,6 кило ҳашиш ва беш аз 81 кило шираи бангдона ёфт ва мусодира кардаанд.

Дар пайи ин қаторро барои тафтиши бештар ба истгоҳи Дарбанди ноҳияи Бойсун бурдаанд. Дар ҷараёни тафтиши иловагӣ аз зери як вагони дигар боз як махфигоҳро ошкор кардаанд. Аз ин махфигоз беш аз 30 кило ҳашиш ва қариб 46 кило равғани ҳашиш мусодира шудааст.

Хадамоти матбуоти гумруки Ӯзбекистон аз бурдани номи кишвари манбаи қочоқи ин миқдори бузурги маводи мухаддир худдорӣ варзида, бо ибораи «қатори боркаше, ки аз кишвари ҳамсоя тариқи транзит тавассути Ӯзбекистон ҳаракат мекард» иктифо кардаааст. Вале истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва тавассути он танҳо қаторҳои роҳи оҳане мегузаранд, ки ё ба Тоҷикистон мераванд ва ё аз Тоҷикистон меоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular