Friday, April 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу додгоҳ даъвои Трампро рад карданд

Ду додгоҳ даъвои Трампро рад карданд

Ду даъвои додгоҳие, ки тими интихоботии президент Доналд Трамп дар иёлоти Мичиган ва Ҷорҷиа пеш гузошт, рад шуд, вале раиси ҷумҳурии ИМА бидуни овардани далел дар бораи қонуншиканиҳо таҳдид кардааст, ки дар Невадаву дигар иёлот аз болои ҷараёни ҳисобу китоби овозҳо шикоят хоҳад кард.

Тими Трамп дар чанд аёлате, ки он ҷо рақиби демократаш Ҷо Байден баранда шудааст, ба додгоҳ шикоят карда гуфт, ки гӯё рӯзи овоздиҳии 3-юми ноябр тақаллуби зиёд роҳ ёфт. Дар ҳоле, ки Трамп ҳеҷ асос ё далеле пеш наовардааст, дар рӯзи интихобот аслан ҳеҷ қонуншикание ба назар нарасидааст.

Дар Ҷорҷиа тими Трамп тахмин кард, ки 53 раъйи дер расида бо дигар раъйҳои рӯзи 3-юми ноябр дастрасшуда омехта карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки бисёр иёлот иҷоза медиҳанд, ки баргаҳои раъйдиҳӣ дертар аз мӯҳлати 3-юми ноябр ҳам ба даст бирасанд ва баъди рӯзи интихобот ҳам ҳисоб шаванд.

Дар Мичиган тими Трамп хост, ки шумориши овозҳо қатъ шавад.

Додрасҳо дар қарори худ аризаҳои шикоятиро рад карда гуфтанд, ки ҳеҷ далеле барои баррасии шикоятҳои президент вуҷуд надорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular