Қазоқистон ва Узбакистон ба мардуми қирғиз кумаки иқтисодӣ ва башардӯстона хоҳад расонид.
Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, ки аз дидани сарвазири муваққатии Қирғизистон дар охирин нишасти СҲШ шод аст. Шавкат Мирзиёев яке аз аввалинҳо шуда аз вазъи Қирғизистон дар давраи инқилоби мардумии ахир изҳори нигаронӣ карда буд.
Ӯ қайд кард, ки Узбакистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ва шарики стратегӣ саъйи мардуми бародари Қирғизистонро ба рушди осоишта ва шукуфоӣ комилан дастгирӣ мекунад. Шавкат Мирзиёев дар ин бора бо Қосим Ҷомарт Токаев дар як гуфтугӯи телефонӣ мувофиқа кардааст.
Аввали моҳи ҷорӣ, дар ҷараёни сафари расмии вазири нави корҳои хориҷӣ ба Тошканд маълум шуд, ки ҳукумати Ӯзбекистон ба дастгирии ислоҳот дар Қирғизистон омода аст. Дар як муддати кӯтоҳ вазир ба се кишвар Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо мақсади ҳамкориҳои иқтисодӣ сафар кард. Нахустин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев, ки бо сафари расмӣ ба Тошканд омадааст, бо вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Узбекистон ва Қирғизистонро қайд карданд. Ҷонибҳо оғози лоиҳаҳои мушаххас оид ба сохтмони марказҳои тиҷоративу логистикӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишварро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо механизмҳои истифодаи самараноки имкониятҳои нақлиётӣ ва транзитӣ байни Ӯзбекистон ва Қирғизистонро тавассути суръат бахшидани татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон муҳокима карданд.
Солҳои охир ҳодисаҳои зиёде рух доданд, ки метавонанд дар муносибатҳои Узбакистону Қирғизистон шиддат ба вуҷуд оранд, аз ҷумла мушкилот дар дастрасӣ ба ноҳияи Соҳ ва эътирозҳои оммавии сокинони маҳаллӣ.
Маъмурияти Шавкат Мирзиёев мекӯшад, ки бо Қирғизистон фазои эътимодро бидуни ташаннуҷи пинҳон ва ошкор таҳким бахшад. Ин як шарти муҳими дипломатияи минтақавии Узбакистон аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

