Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶилавгирӣ аз қочоқӣ 8 тон бензин ба Тоҷикистон

Ҷилавгирӣ аз қочоқӣ 8 тон бензин ба Тоҷикистон

Марзбонони Қирғизистон санаи 16 ноябр мошини боркашони КамАЗ-ро бо бензини қочоқӣ дар рустои Майти ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон боздошт карданд.

Тавре хабаргузории Регнум бо истинод аз идораи кор бо ҷомеа ва дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзии Қирғизистон хабар медиҳад, марзбонон ҳангоми иҷрои вазифа мошини боркашеро пайдо карданд, ки ронандааш шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1981 будааст.

Гуфта мешавад, замони истод кардани мошин, ин мошини боркаш берун аз посгоҳи Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳаракат мекард.

Тибқи иттилои манбаъ ҳангоми кофтукоби мошини КамАЗ маълум мешавад, ки ин мошин ҳомили 8 тонна бензин ёфт будааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расонаишуда, ронанда барои интиқоли сӯзишворӣ иҷозатнома надоштааст. Ғайр аз ин, рақами давлатии мошин тақаллубӣ будааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular