Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифт

Тоҷикистон аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифт

Тоҷикистон аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар ҷойгоҳи садуми ҷаҳонӣ, яъне дар ҷои аз ҳама охирин қарор гирифтааст.

Бар асоси озмуни анҷомшуда бар мабнои барномаи 2020 EF English Proficiency Index (EF EPI),Тоҷикистон дар миёни сад кишвари ҷаҳон аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтааст.

Дар ин озмун ду миллион нафар афроди болои 18 сол аз сад кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.

Кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон низ дар радифи кишварҳои бо дониши бисёр поини забони англисӣ қарор доранд.

Дар бораи Туркманистон бинобар ширкат накардани шаҳрвандонаш дар озмуни забони англисӣ маълумоте нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, ки Русия мавқеи худро дар заминаи дониши забони англисӣ дар ин санҷиш беҳтар карда, дар ҷаҳон дар ҷои 41-ум қарор гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular