Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭмомалӣ раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз вазифа озод кард

Эмомалӣ раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз вазифа озод кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Холиқзода Акбар Ризоро бинобар паст задани шаъну эътибор аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод кард. 

Ёдовар мешавем дар гузашта раисиҷумҳур бо ҳамин сабаб, Турсунзода Шараф судяи суди ноҳияи Айнӣ  ва Собирзода Зайдулло Фозил судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда буд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта аз фасодкориҳо дар фаъолияти додрасҳо изҳори нигаронӣ карда дастур дода буд, ки ҳангоми интихоби кадрҳо бисёр бодиққат шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда, даст ба ҷиноят мезананд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular