Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИМА шумори низомиёнаш дар Афғонистону Ироқро то 2500 поён мебарад

ИМА шумори низомиёнаш дар Афғонистону Ироқро то 2500 поён мебарад

Вазорати дифои Амрико тайи нишасти хабарӣ эълом кард, ки теъдоди низомиёни Амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон аз 15 январи соли 2021 ба 2500 нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Кристофер Миллер, сарпарасти вазорати дифои Амрико изҳор дошт : ” аз 15 январи соли 2021 ба баъд теъдоди низомиёни Амрикоӣ дар Афғонистон 2500 нафар хоҳад буд . Ҳамчунин теъдоди низомиёнамон дар Ироқ низ аз ин таърих ба баъд ба 2500 нафар коҳиш хоҳад ёфт”.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки ин тасмими Доналд Трамп , раиси ҷумҳури Амрико мутобиқ бо авлавиятҳои амнияти миллӣ аст ва дар пайи музокирот бо тими амнияти миллии худ иттихоз шуда аст .

Ин сарпараст ҳамчунин афзуд дар ин замина бо бисёре аз раҳбарони кишварҳои муттаҳид ба вижа Ашраф Ғанӣ , раиси ҷумҳури Афғонистон ва Ҷенс Столтенберг, дабири кулли паймони Атлантикаи шимолӣ ( НОТО) машварат кардаанд .

Кристофер Миллер, гуфт : ҷангҳоӣ оғоз шуда пас аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 ва ишғоли Афғонистон ва Ироқро ба поён хоҳем расонд . Фарзандонамонро аз зери бори сангини ин ҷангҳои бе поён наҷот хоҳем дод” .

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular