Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоҲар сол 6.5 миллион нафар аз олудагии ҳаво мемиранд

Ҳар сол 6.5 миллион нафар аз олудагии ҳаво мемиранд

Аз олудагии ҳаво ҳар рӯз дар ҷаҳон беш аз 18 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бино бар иттилои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ шумори одамоне, ки солона бинобар ифлосии ҳаво 6,5 миллион нафар ба марг мувоҷеҳ мешаванд. Ин бештар аз ҷамъи мирандагон аз ВНМБ (СПИД), сил ва садамаҳои нақлиётӣ аст.

Дар асл, олудагии ҳаво чаҳорумин хатар барои саломатии инсон, пас аз фишори баланди хун, диабет ва тамокукашӣ аст. Ин вазъ бо таъсири саноат, нақлиёт, электроэнетгетика ва истифодаи сӯзишворӣ барои пӯхтани таъом дар хонаҳо ба вуҷуд омадааст. Ин мушкили ҷаҳонӣ аст, вале он дар бархе кишварҳо назар ба кишварҳои дигар умдатар аст.

Марги бармаҳал аз олудагии ҳаво дар Аврупову Амрико солҳои охир коҳиш ёфта, дар бештари кишварҳои Осиёву Африқо баръакс афзудааст. Тибқи гузориши СБҶ Гурҷистон дар садри ҷадвале қарор дорад, ки марги одамон дар натиҷаи олудагии ҳаворо нишон медиҳад. Дар ин кишвар 300 нафар аз ҳар 100 ҳазор ҷони худро бинобар олудагии ҳаво аз даст медиҳанд. Чини ҳамсояи Тоҷикистон дар ин ҷадвал дар ҷои шашум қарор дорад, ки нишондиҳандаа 150 нафар аз ҳар сад ҳазор аст:

СБҶ мегӯяд, технологияи имрӯза имкон медиҳад маргу мир аз олудагии ҳаво ба маротиб камтар карда шавад. Танҳо коре, ки кишварҳо бояд анҷом диҳанд сармоягузорӣ дар ин технология аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика