Thursday, February 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Нюйорк ду полисзани ҳиҷобпуш мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Дар Нюйорк ду полисзани ҳиҷобпуш мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Дар нақлиёти метрополитени шаҳри Нюйорки Амрико аз ҷониби марди мутанаффир ба дини ислом,  хонуми корманди полис, ки зоҳиран бо либоси исломӣ ва ҳиҷоб будааст, қарор гирифтааст.

Баъди боздошти ҳамлагар муаян шудааст, ки ин муҷрим пеш аз ин ҳам худи ҳамон рӯз як мусалмонзани полиси дигарро таҳдид ба сар буридан карда будааст.

Мақомоти ҳифзи тартиботи Амрико гуфтаанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрвандон, ки ношӣ аз танаффур ба дин аст нисбат ба соли гузашта 35 фоиз афзудааст.

Ҳолдонон мегӯянд, баъди пирӯзии президенти тоза мунтахаби Амрико Доналд Трамп, мавриди ҳамла қарор гирифтани мусалмонони Амрико ба маротиб афзудааст.

Шаҳрдори Нюйорк Билл Де Блазио низ дар як баромадаш гуфтааст, афзоиши низоҳои ношӣ ба танаффури динниро ба баромадҳои пеш аз интихоботии Доналд Трамп рабт дорад.

Аммо чанд руз пеш худи Доналд Трамп дар як баромади худ гуфт, ки ҳуқуқу озодиҳои мусалмонони Амрико ҳифз ва риоят карда мешавад. Бо кишварҳои мусалмонӣ робитаҳои дипломатии ҳасанаро пиёда мекунад.

Таҳлилгари машҳури рус Максим Шевченко низ дар як мусоҳибааш гуфта буд, баромадҳои пешазинтихоботии Доналд Трамп алайҳи мусалмонон танҳо ба хотири ҷалб намудани диққати интихобкунандагон буд.

Шевченко дар мусоҳибааш таъкид кард, ки Трамп баъди пирузӣ сиёсати мусолиматомези худро хусусан бо исломи муътадили сиёсӣ нарм ва ҳатто аҳаммияти бештар хоҳад дод. Ягона роҳи нигоҳ доштани тавозуни амният аз хушунатҳои диннӣ ва пешгирии терроризм барои Амрико ҳам ҳамин аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular