Sunday, February 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУзбекистон низоми раводидро бо 27 кишвари дунё бекор мекунад

Узбекистон низоми раводидро бо 27 кишвари дунё бекор мекунад

Мақомоти Узбекистон эълон кардаанд, ба хотири рушди бахши сайёҳат низоми раводидро бо 27 кишвари дунё  бекор ё сода хоҳанд кард. Амалӣ шудани ин қарордод аз апрели соли 2017 ба назар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад ин қарордод ҳануз 2 декабр пеш аз интихоботи раёсатҷумҳур аз ҷониби он вақт иҷрокунандаи вазифаи президент ва ҳоло президенти мунтахаби Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расида будааст.

Аз рӯи ин қарордод сайёҳон аз Сингапур то Ҷопону Малайзиё ба Узбекистон бо ҳуқуқи саёҳат намудан ба муддати 30 руз бидуни раводидро пайдо хоҳанд кард. Аммо дар ин рӯихат ягон кишвари ҳамсояи Узбекистон шомил нашудааст.

Баъди марги раисҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримов робитаи мақомоти Узбекистон бо Тоҷикистон як каме ру ба беҳбудӣ ниҳод. Аммо коршиносон мегуянд, ҳоли ҳозир аз байн бурдани раводид баъид ба назар мерасад, вале шояд баъзе низомҳои рафтуомад сода карда шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular