Sunday, February 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПадари Муҳаммадкарими Орзу даргузашт

Падари Муҳаммадкарими Орзу даргузашт

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Махсуми Абдурозиқ (мутаваллиди 1934), падари Муҳаммадкарими Орзу, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ шоми имрӯз дори фониро падруд гуфт.

Бар асоси гуфтаи пайвандони марҳум, Абдурозиқ Орзуев (84-сола), падари Муҳаммадкарими Орзу, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ шоми имрӯз чоршанбе (07.12.2016) дар вақти намози шом хондан вафот кардааст.

Ба гуфтаи яке аз бастагони марҳум: “Имрӯз, ӯ дар хонаи писараш воқеъ дар минтақаи “Теппаи Самарқандӣ” намози шомро нишаста мехонд ва дар вақти хондани ташаҳҳуд афтид ва се то чаҳор дақиқа баъд даргузашт.”

Ӯ афзуд: “Махсуми Абдурозиқ се сол қабл сактаи дилро аз сар гузаронд ва дигар наметавонист ба танҳоӣ роҳ гардад ва бо кумаки дигарон ҳаракат мекардааст. Вале пас аз саркубии ҲНИТ вазъияти саломатиаш вахимтар шуд.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Махсуми Абдурозиқ яке аз дустон ва ҳамкешони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буда, чандин сол масъулияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикободро бар душ дошт.

Ба гуфтаи бастагони марҳум, намози ҷанозаи вай дар хонаи писараш воқеъ дар минтақаи “Теппаи Самарқандӣ”-и Душанбе фардо баргузор хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular