Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСҶБ: таъсири воксин ба коруно умедворкунанда аст

СҶБ: таъсири воксин ба коруно умедворкунанда аст

Тедрос Адханом, роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт  қайд кардааст, ки маълумоти охирин дар бораи таъсири воксин бар зидди коронавирус умедворкунанда аст.

Тибқи иттилои хабаргузории Deutsche Welle Тедрос гуфтааст, “Бино ба натиҷаи охирин дар санҷиши воксин, ки маълумоти мусбат дод, метавон дар охири ин “нақби дарозу торик” ба рӯшание расид. Айни ҳол умедвории воқеӣ вуҷуд дорад, ки воксинҳо дар якҷоягӣ бо тадбирҳои андешида дар соҳаи тандурустӣ ба хотима ёфтани дунёгир шудани COVID-19 кумак хоҳанд кард”.

Раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт кишварҳои сарватмандро барои кӯмаки пулӣ ба кишварҳои камбизоат таклиф карда гуфтааст, “Ин як амали хайрия нест, балки роҳи зудтарин ва оқилонатарин барои хотима додани сирояти вирус ва рушди иқтисодиёти ҷаҳон мебошад”.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои иҷрои барномаи бо ин ҳадафҳо таҳияшуда дар соли ҷорӣ 4 миллиарду 300 миллион  доллар лозим аст. 

Тедрос Адханом таъкид кардааст, ки ин маблағҳо барои интиқол ва хариди миқдори зиёди воксинҳо, озмоишҳо ва доруҳо ҷудо карда мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular