Friday, October 24, 2025
ADS
HomeПаём нетСе соли зиндон барои намози “ғайриҳанафӣ”

Се соли зиндон барои намози “ғайриҳанафӣ”

Як сокини 54 солаи Душанбе бинобар хондани намозе, ки аз  мазҳаби ҳанафӣ тафовут доштааст, узви “Созмони Салафия” хонда шуда, ба зиндон маҳкум шудааст.

Ин намозгузори масҷиди “Ҳоҷӣ Миралӣ”-ро, ки аз ӯ Бахтиёр Игамбердиев ном бурда мешавад, имоми ҳамин масҷид ба Кумитаи амният “супоридааст”. Имом гӯё мушоҳида кардааст, ки намозгузории Бахтиёр хилофи мазҳаби ҳанафӣ аст ва аз ин “ҷиноят”-и ӯ ба КДАМ хабар додааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Игамберидевро тибқи моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ ва ё маҳалгароию динӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба се соли зиндон мақкум кардааст. Дар ҳукмнома, чуноне ки хабаргузори “Азия Плюс” хабар медиҳад, зикр шудааст, ки ин мард гӯё дигаронро ҳам ба хондани ин гуна намоз тарғиб мекардааст. Ҳамин кори ӯро додгоҳ барангехтани кинаи динӣ ҳисобида, ӯро маҳкум ба ҳабс кардааст.

Тазаккур медиҳем, ки сар аз моҳи октябри соли ҷорӣ, тибқи як фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар тамоми масоҷиди пойтахт дурбинҳои назоратие насб шудаанд, ки мустақиман ба як марказ — масҷиди марказии Душанбе пайваст шудаанд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?