Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҳмурод Одинаев ба ду моҳи ҳабс маҳкум шуд

Маҳмурод Одинаев ба ду моҳи ҳабс маҳкум шуд

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳи шаҳри Ҳисор  ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст.

Одинаев, тибқи гуфтаи Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи шанбеи 5-уми декабр аз сӯи маъмурони пулис дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро ба авбошӣ муттаҳам карданд, ҳарчанд бисёриҳо муътақиданд боздошти ӯ ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт дорад.

Маҳмурод Одинаевро бо талаби додситонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш хабар медиҳад, ки муовини раиси ҲСДТ давоми ду моҳ дар ҷараёни тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ мемонад ва эҳтимолан мӯҳлати боздошти ӯ боз дароз карда шавад.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 7 декабр гуфтааст, Одинаев то ҳанӯз вакили дифоъ надорад. Ҷузъиёти мурофиа ва риоя шудани ҳуқуқи ӯ ба ҷомеа маълум нест.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр ба думболи боздошти Маҳмурод Одинаев гуфт, нисбати ӯ бо қисми дуюми моддаи 237, яъне авбошӣ парванда боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба Одинаев то 116 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular