Sunday, January 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲавопаймоҳои ҷангандаи русӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бурда шуданд

Ҳавопаймоҳои ҷангандаи русӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бурда шуданд

Ҳавопаймоҳои ҷангандаи СУ-25СМ-и Русия, ки дар пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон мустақаранд, барои ширкат дар тамрини нерӯҳои дифоъии Тоҷикистону Русия ба фурӯдгоҳи Айнии тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Дар ин бора хабаргузоии РИА Новости бо нақл аз ҷонишини фармондеҳи қӯшунҳои Округи ҳарбии марказии Русия Ярослав Рошупкин иттило додааст. Қарор аст ин ҳавопаймоҳо бехатарии ҳаракат ва тамрини нерӯҳои заминиро, ки имрӯз оғоз шудааст, аз ҳаво ҳимоя кунанд.

Тамрини якҷояи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷкистону Русия барои муқобилият ба “террористон”, нобудсозии пойгоҳҳои онҳо ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷанганда нигаронида шудааст.

Ярослав Рошупкиш гуфтааст, пас аз анҷоми таъмир ҳавопаймоҳо ба Қирғизистон баргардонида хоҳанд шуд. Аз шумори ҳаваопаймоҳое, ки ба Тоҷикистон бурда шудаанд, ин ҷенерол хабар надодааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular