Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНазокатхон Тоҳирова ба 25 соли зиндон маҳкум шуд

Назокатхон Тоҳирова ба 25 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Кушониён як модари тоҷикро ба қатли чаҳор фарзандаш гунаҳкор донист ва ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи Назокатхон Тоҳирова рӯзи 10-уми декабр баргузор шуд ва додрас гуфт, ки иттиҳоми “куштор бо бераҳмии махсус” собит шуд ва сахттарин ҷазо дар Тоҷикистон барои ӯ сазовор донист. Вакили дифои Назокатхон Тоҳирова аз изҳори назар дар бораи ҳукм худдорӣ кард, вале шавҳараш Муҳаммадҷон Тоҳиров гуфт, ки аз ҳукм қаноатманд аст.

Фоҷиаи мазкур рӯзи 9-уми сентябри имсол рух дод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки «сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 9, 8, 6 ва 1-солаи худро, пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст».

Мақомот модарро ташхиси равонӣ карданд ва табибон гуфтаанд, ки ӯ солим аст ва вақти ҷиноят медонист, ки чӣ кор мекунад. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки ин зан мехост, баъди қатл худкушӣ кунад, вале бо вуҷуди ин то кунун возеҳ нест, чаро модар фарзандонашро куштааст.

Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ карданд. Моҳи августи соли ҷорӣ як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард. Кӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.

Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Пеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, худ наҷот ёфт, вале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд. Афсурдагӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва ноогаҳӣ аз бемориҳои равонии занро аз сабабҳои ин фоҷиаҳо медонанд.

Радиои Озодӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular