Ин маълумот дар гузориши охирони Бонки ҷаҳонӣ дарҷ гардида, Тоҷикистон аз нигоҳи ҳамлу нақли коло дар байни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар мақоми охир ва дар байни 160 давлати ҷаҳон ҷои 153- ро ишғол намудааст. Далелҳо ҳокист, ки аз ин чанд сол пеш Тоҷикистон дар ин самт мавқеи хубтареро соҳиб буд ва Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши соли 2014- и худ ин кишварро дар ҷои 114- уми феҳрест гузошта, соли 2012 мақоми 136 ва соли 2010 ҷои 131 -ро дода буд. Имсол мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ хеле коҳиш ёфтааст ва дар феҳрести мамолике омадааст, ки ҳамлу нақли коло нигаронкунанда мебошад.
Таъкид мегардад, ки Бонки ҷаҳонӣ ин қабил гузориши худро дар ду сол як бор ба нашр мерасонад ва 160 давлати рӯи заминро дар ин замина омӯхта ва баҳогузорӣ мекунад. Ин ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ нишондодҳои ба расмиятдарорӣ дар гумрук, инфрасохтор, соддагӣ, қиммати таҳвил, рақобатпазирӣ ва сифати хизматрасонӣ, пайгирию контроли коло ва таҳвили онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки ба шаффофият, суръат ва содагии фаъолияти гумруки 160 кишвари ҷаҳон ҳангоми ҳамлу нақли бор баҳои ҳаққонӣ дода шуда, Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин самт ба ҷои 150-ум мушарраф гардидааст.
Тибқи гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф аст ва мақоми 77- уми раддабандиро ишғол намудааст. Ӯзбекистон дар ҷои 118, Туркманистон 140 ва Қирғизистон назар ба Тоҷикистон панҷ зина пештар дар мақоми 149 омадааст.
Ба навиштаи Бонки ҷаҳонӣ Олмон, Люксембург ва Шветсия аз давлатҳои пешгом ҳастанд ва сегонаи пеши раддабандиро ташкил медиҳанд. Ҳаитӣ, Сомалӣ ва Сурия кишварҳое будаанд, ки ҳамлу нақли коло дар сатҳи ниҳоят паст қарор доранд ва зинаҳои охирини шохисро ишғол намудаанд.
10 — уми декабри ҳар сол, ҳамчун рӯзи Ҷаҳонии ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) таҷлил мегардад. Соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса дар ҳамин рӯз Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки бар асоси он шаҳрвандони тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархурдоранд. Ин рӯзро Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиятии вобаста ба СММ (ЮНЕСКО) ҳамчун рӯзи Ҷаҳонии ҳуқуқи инсон номгузорӣ кардааст.
Ин рӯз ба ҳама Созмонҳо, шахсиятҳо ва арзишгузорони ҳуқуқ ва каромати инсонӣ муборак бод!
Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 юми марти соли 1992 ба таври расмӣ узви СММ шуд. Ва сар аз он замон ҳукумати Тоҷикистон мутааҳҳид шуд, ки паймонҳо, санадҳо ва қарорҳои марбут ба СММ ва ниҳодҳо ва созмонҳои тобеъи онро риоят ва иҷро намояд. Ҳамҷунин Тоҷикистон дар таърихи 13.11.1998 ба “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” ҳамроҳ шуда ва ин санад аз таърихи 04.04.1999 барои Тоҷикистон ба ҳукми эътибор даромад. Паймони мазкур яке аз аҳдномаҳои СММ бар пояи Эъломияи ҳуқуқи башар аст, ки дар таърихи 16 декабри соли 1966 эҷод шуда ва соли 1976 барои аъзои СММ ба ҳукми иҷро даромад.
Илова бар ин Тоҷикистон соли 1999 ба “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ” пайвастааст, ки барои ин кишвар аз тахрихи 04.04.1999 ба ҳукми эътибор даромадааст.
Қабл аз ин, яъне 21.07.1994 Тоҷикистон ба “Конвенсияи байналмилалии зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф” низ ҳамроҳ шуда буд, ки аз таърихи 10.02.1995 Тоҷикистон мутааҳҳид ба иҷрои он гардид.
Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва кушта шудани ҳазорҳо афроди бегуноҳ ва овора гардидани беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрванди ин кишвар, Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик таҳти сарпарастии СММ дар таърихи 27 июни соли 1997 баъди 8 даври музокироти мушкил ба “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” имзо гузоштанд, ки ба хатми ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуда, бар асоси он ду тараф мутааҳҳид шуданд, ки бандҳои дар Созишнома омадаро иҷро ва татбиқ намоянд.
Аммо…
Бар хилофи тамоми паймонҳо, конвенсияҳо ва тааҳҳудоти байналмилалие, ки Ҳукумати Тоҷикистон имзо гузошта ва барои иҷро ва татбиқи онҳо дар ҳаёти шаҳрвандони кишвар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикстон тааҳҳуд додааст, ба ҳеч як аз онҳо натанҳо пойбанд намондааст, балки бешармона ва ошкоро оддитарин ҳуқуқҳои инсонии шаҳрвандони кишварро поймол намудааст.
Чанд намуна аз нақзи озодиҳои шарвандон дар Тоҷикистон
Дар моддаи 2, қисми 1 — “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” чунин омадааст:
“Ҳар давлати узви ин паймон мутааҳҳид мешавад, ки нисбат ба афроди сокини қаламрави қонунии худ ҳуқуқи шинохташуда ин паймонро новобаста аз нажод, ҷинсият, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ва ё ақидаи дигар ва ҳамчунин асл ва пойгоҳи иҷтимоӣ ё миллӣ, дороӣ, насаб ва ё вазъиятҳои дигар, муҳтарам шумурда замонат диҳад.”
Инчунин дар моддаи 18, қисми 1- ҳамон паймони чунин мегӯяд:
“Ҳар кас ҳаққи озодии андеша, ақида ва мазҳаб дорад. Ин ҳақ шомили ихтиёр ва озодӣ дар қабули як мазҳаб ва ё ақидае ба интихоби худ аст. ҳамчунин ҳар кас дар баёни ошкори мазҳаб ё ақидаи худ ба таврӣ танҳо ва ё гурӯҳӣ ошкоро ё дар ниҳон ва низ анҷоми таълимоти мазҳабии худ ихтиёр ва озодӣ дорад” ва дар қисми дуввуми ҳамин модда илова намудааст:
“Дар ин мавридҳо ҳеч кас набояд бо зӯр ва иҷбор (ру бу ру гардад) ва низ набояд ба озодии ӯ дар қабули як мазҳаб ё ақидае, ки бар асоси интихоби худаш анҷом гириятааст, осеб расонад”.
Бо назардошти моддаҳои ишорашуда ва дигар моддаҳое, ки озодии сиёсӣ ва шаҳрвандии ҳар як инсонро кафолат медиҳанд ва давлатҳои узви паймонро мулзам ба иҷрои онҳо менамояд, агар амалкарди Ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад, хоҳем дид, ки бадтарин ва шармандатарин корномаро тайи чанд соли ахир доштааст.
Бар хилофи моддаҳои паймони мазкур, имрӯз ҳазорҳо ҷавони шаҳрванди Тоҷикистон танҳо ба хотири ақида ва бо муҳокимаҳои сохтаву ноодилона дар додгоҳҳое, ки онҳоро на “додгоҳ”, балки “ячейкаҳои режими худкома” метавон номид, ба муддатҳои тӯлонӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Ҳукумати кишвар бо баҳонаи “мубориза бо ифротгароӣ” ва “таъмини амният”, ҳазорҳо нафарро гӯё барои пайвастан ба гурӯҳҳои салафият, гурӯҳи таблиғ, ихвонулмуслимин ва дигар ҷараёнҳое, ки ҳатто гумон меравад, ки дар Тоҷикистон пайрав ва ё вуҷуд дошта бошанд??? бо роҳи зӯрӣ, туҳмат ва сохтакорӣ аз ҳаёт ва зиндагии осоишта маҳрум намудааст. Дар пайи ин амали ғайриинсонӣ ва ноҷавонмардона, ҳазорҳо хонавода ва даҳҳо ҳазор кӯдаку навҷавон бесарпараст мондааст.
Ин масъала ҳатто тааҷҷуби сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Гринро барангехта буд ва ӯ бо ҳайрат аз мақомоти Тоҷикистон пурсида буд,ки : “Магар ба ҷуз зиндонӣ кардани муттаҳамон дар ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”.
Тааҷҷуби сафири Олмонро низ вақте метавон дарк кард ва саволи вай вақте маънодортар мешавад, ки бидонем аз назари мақомоти Тоҷикистон ҳар нафаре, ки ақидаи хилофи хоҳиши мақомоти Тоҷикистон дошта бошад, вай ифротӣ ва экстремист аст ва ҷояш дар зиндон.
Мавриди дигари нақзи ошкори ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки ҳукумати авлодии Э.Раҳмон тавассути парлумоне, ки на бо раъйи мардум, балки бо хоҳиши шахсии вай ба курсии вакилӣ нишастаанд дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Сарқонуни Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, амалан ва густохона озодиҳои интихоб кардан ва интихобшуданро аз шаҳрвандони кишвар гирифт. Дар муддати 24 соли сипаригардидаи ҳукуматдории авлодӣ, ҳеч интихоботе озод ва шаффоф баргузор нашуда, шаҳрвандони кишвар на ҳаққи озоди интихоб кардан ва на озод интихоб шуданро доштанд. Зеро ҳукумат бо тағйироти воридкардаи худ амалан ин ҳақро аз шаҳрвандони кишвар салб карда, онро маҳдуд ба як нафар ва як хонавода кард ва то вақте ин ҳукумат ва авлоди Э.Раҳмон сари қудрат бошанд, ҳаққи озод интихоб кардан ва интихоб шуданро шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳеч ру нахоҳанд дошт.
Илова бар ин Тоҷикистон имрӯз ба хотири саркӯб ва зиндонӣ кардани дигарандешони сиёсӣ, вакилони дифоъ, хабарнигорон, чераҳои муваффақ дар тиҷорат, бастани расонаҳо ва ҳафтаномаҳои мустақил ва дар маҷмӯъ таҳдид, ҳабс ва таъқиби мунтақидони ҳукумат, ба як зиндони сиёсӣ ва қабристони ислоҳотхоҳон ва озодиталабон табдил гаштааст. Афроде ба мисли Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шуҳрат Қудратов ва садҳо фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқии дигар ва мағзҳои мутафаккири миллат солҳост, ки умри худро пушти панҷараҳои зиндон мегузаронанд. Дуруст як моҳ пеш охирин сомонаи фаъол “Тоҷнюс” ва вопасин ҳафтаномаи мустақили “Нигоҳ” аз сӯи мақомот баста шуда ва ба саҳифаи таърихи нангини даврони ҳукумати худкомаи Э.Раҳмон пайвастанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, бо роҳандозии табаддулоти дурӯғин ва тарроҳишудаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон, ки ба “Исёни вазири мудофеа” машҳур шуд, садҳо размандаи собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷикро аз хонаҳояшон боздошт ва баъзеро ба қатл расонда, шуморе аз онҳоро ба ҳабсҳои дарозмуддат маҳкум намуд. Ва аз ин фитна ва дасисаи шум, суистифода намуда рақиби сиёсӣ ва асосии деринаи худ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ҳамдастӣ дар ин “шӯриш” и тарроҳишуда айбдор дониста, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар тавассути Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки бозича ва иҷрокунандаи фармонҳои бевосита ва шаруронаи раиси ҳокимияти иҷроия аст, манъ намуд. Садҳо фаъол ва масъулину ҷонибдорони ин ҳизб имрӯз танҳо ба хотири фаъолияти сиёсӣ ва қонунӣ ва узви ҳизби мухолифи ҳизби ҳоким будан, қурбонии худхоҳиҳо ва мансабталабиҳои саркардаи режими худкомаи Тоҷикистон шуда, бо ҳукмҳои золимона ва пинҳонӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон тамоми амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиинсонии худро таҳти пӯшиши “мубориза бо ифротгароӣ ва таъмини суботу амният” анҷом медиҳад, аммо ин амалҳои дурӯғини ҳукумати худкома “амнияту субот” танҳо чизеро, ки Тоҷикистон бо он фахр мекард, аз байн бурд ва ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки таҳти сарпарастии СММ ба даст омада буд, хатти бутлон кашид ва паёмади ин хиёнати таърихӣ бори дигар ба кишварҳои дигар паноҳанда шудани ҳазорҳо фаъоли сиёсӣ аст, ки ин раванд ба суръат дар ҳоли идомаёбӣ ва афзоиш аст.
Режими Э.Раҳмон дар муддати 24 соли ҳокимияташ, натавонист мардуми кишварро бо оддитарин шароити зиндагӣ таъмин намояд. Беш аз ду миллион шаҳрванди кишвар ба хотири набудани шароити муносиби корӣ ва зиндагии миёнаи ҳатто баробар бо кишварҳои Осиёи Миёна, ба кишварҳои дигар муҳоҷир шуда ва рӯзе нест, ки аз пймолшавии ҳуқуқи кории онҳо хабаре нашр нашавад. Ҳар сол садҳо ҷасади беҷони муҳоҷири кории ҷавони тоҷик ба хонаводаҳояшон дода мешаванд, ки масъули ҳамаи онҳо Ҳукумати Тоҷикистон буда, аз бесалоҳитию нотавонии ҳукуматдорон ва заъфи дипломатияи ин кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон аз беҳуқуқтарин муҳоҷирон дар дунё ба шумор рафта, ҳеч замонате барои дифоъ аз ҳуқуқ, ҷону мол ва обруву эътиборашон вкҷуд надорад. Дар дохили Тоҷикистон ҳам беш аз 4,5 миллион мардуми кишвар аз набудани ғизои муносиб, сатҳи пасти беҳдошт ва саломатӣ, камбуди оби тоза, бебарқӣ ва шароити ғайристандартии таълимӣ ранҷ мебаранд.
Аммо ҳукумати худкомаи Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот нотавон буда, барои ворид кардани ислоҳоти лозим ва зарурӣ ва мутобиқ бо меъёрҳо ва паймонҳои байналмилалии имзо намудааш тайёр нест, зеро хусусияти низоми худкома будан ва ҳавову ҳаваси вазифаталибию қудратхоҳии сарвари режим, фикри эҷоди ҳар навъ тағйирро новобаста аз инки ин тағйирот ҳатто иқтисодӣ ва ё иҷтимоӣ бошад, аз онҳо гирифтааст.
Бинобар ин бо назардошти Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон, дар дарачаи аввал аз ҳар як фазанди баору номуси Тоҷикистон ва касоне, ки дилашон ба ҳоли миллат месӯзад ва дар дараҷаи дуввум аз Созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои муддаъии мудофеи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсонӣ, интизор меравад, ки миллати тоҷикро дар расидан ба як ҷомеаи озод, демократӣ ва ҳуқуқмеҳвар ва пирӯзӣ бар низоми золим ва худкома кӯмак намоянд.
(Паём.нет)
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

