Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷозеф Байденро, ки 78 сол дорад, дирӯз, 21 декабр бар зидди коронавирус бо ваксинаи навъи Pfizer ва BioNTech дар беморхонаи Нюарки Делавар эм карда, ин равандро тариқи расонаҳо мустақиман пахш намуданд.
«Мутаассифона, ман вақти кофӣ надорам, то тамоми клиникаро давр занам ва бубинам, ки шумо чӣ қадар серкор ва масъулиятшиносед. Ман аз шумо қарздорам «гуфт Байден. Вай инчунин барномаи таҳиякардаи президент Доналд Трамп ва маъмурияти ӯро дар мубориза бо коронавирус ситоиш кард.
Он рӯз ҳамсари Ҷо Байден, Ҷилл низ эм карда шуд. «Ман медонам, ки ӯ сӯзандоруҳоро дӯст медорад» шӯхӣ кард Байден.
«Мардуми Амрико, бидонед, ки ташвиш лозим нест. Агар шумо имкони ваксина гирифтан доред, ҳатман эм кунед », — илова кард ӯ
Ёдовар мешавем, ки дар Иёлоти Муттаҳида 14-уми декабри соли равон эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз ёфт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

