Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоКомёбии нокомшудаи Тоҷикистон аз нигоҳи коршиноси донишгоҳи Ландан

Комёбии нокомшудаи Тоҷикистон аз нигоҳи коршиноси донишгоҳи Ландан

Маъсума Турфа, пажӯҳишгари Мактаби иқтисодӣ ва улуми сиёсии Ландан, ки дар солҳои 90 ба ҳайси сухангӯи Барномаи сулҳи СММ дар Тоҷикистон фаъолият кардааст, дар сомонаи шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира” матлаберо таҳти унвони  ба муносибати 17-умин солгарди тасвиби қонуни интихоботе навишта шудааст, ки 10 декабри соли 1999 тасвиб шуд, ба нашр расондааст.

Ин қонун, ба андешаи муаллиф, бояд заминае барои як парлумони бисёрҳизбӣ ва кафолати созишномаи истиқрори сулҳ бо тақсими ҳукумат мешуд, ки нашуд.

«Тоҷикистон, кишвари кӯчаке дар Осиёи Марказӣ, ки замоне аз тарафи Созмони милали муттаҳид барои дастёбӣ ба як сулҳи нодир тавсиф мешуд, солҳои охир на комёбӣ, балки нокомии ҷомиаи байналмилалӣ дар амри истиқрори демократия дар ин кишвареро, ки дар ҷанги панҷсолаи солҳои 1992-1997 100 ҳазор кушта додааст, ба намоиш мегузорад” — навиштааст ин коршинос.

Маъсума Турфа менависад бо тангкунии ҳалқа, ҳукумат билохира мухолифинро аз саҳна хориҷ кард. «Имрӯз мухолифин қариб комилан рӯфта шудаанд. Бисёре ба маргҳои машкук дучор шуданд, дигарон «дар додгоҳҳои яқинан ноодилона пушти дарҳои баста ва ҳамроҳ бо нақзи ҷиддии меъёрҳои муҳокима ва даъвоҳои қобили боварӣ дар мавриди шиканҷа ё бадрафторӣ дар боздошт” ба терроризм айбдор шуданд. Моҳи майи сол ҷорӣ додситонии Тоҷикистон барои раҳбарони ҳизби мухолифи Наҳзати исломӣ ҳукми абад талаб карданд. Раисиҷумҳур Раҳмон, ки аз соли 1992 дар қудрат аст, ҳалқаро пайваста тангтар мекард: назорати комил бар парлумон, низоми адлия ва раванди интихоботро ба даст гирифт ва бо ҳамин меъёри тақсими шохаҳои қудратро аз байн бурд. Тағйироти зиддунақизи моҳи майи соли 2016 ба Қонуни асосӣ ҳама маҳдудияти давраҳои раҳбариро барояш аз байн бурда, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки бидуни маҳдудияти вақт дар сари қудрат бимонад. Синни ҳадди ақали номзадҳо низ пойин бурда шуд, то президент битавонад қудратро ба писараш интиқол диҳад.”

Муаллиф меафзояд, «раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон худро раисиҷумҳури умрбод кард, тамоми мухолифинро баст ё ба зиндон андохт, матбуотро хомӯш кард – ва ҷаҳон дар баробари ин ҳама хомӯш монд.” Ва суол мегузорад, ки “ин ҳама аз куҷо сарчашма гирифт?”

Маъсума Турфа ба ин назар аст, ки пеш аз ҳама сӯиистифодаи рӯирост аз созишномаи сулҳи зери назари СММ имзошуда сурат гирифтааст. Баъдан заъфи мухолифин, бахусус мӯҳраи асосии ҷараёни сулҳ – ҳизби наҳзати исломиро як далели аз байн рафтани меваҳои сулҳи Тоҷикистон меномад. Ӯ менависад, ҳизби наҳзат ба раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣдар соли 2000, вақте аз як гурӯҳи мусаллаҳ ба ҳизби сиёсӣ табдил дода мешуд, як ҳизби қавие буд, ки мансабҳои зиёдеро дар ҳукумат дар даст дошт. Аммо: «дар ин раванд, ҳизб ба президент гузаштҳои хеле зиёд кард, то ин мансабҳои давлатиро ҳифз кунад. Ин ба навбати худ ба низоъ дар дохили раҳбарони наҳзат овард ва аъзои зиёди ҳизбро маъюс кард.”

Муаллиф менависад, “ҲНИТ аз қудрати худ барои ҳиояи демокросӣ ва институтҳои демократӣ кор нагирифт” аммо аз минбари масҷиду мадрасаҳо барои таблиғоти сиёсиаш, ҳатто баъди манъ шудани ин кор, истифода кард, ки ба ҳукумат барои фишор баҳона дод: » Раисиҷумҳур ин фаъолиятҳои онҳоро ҳамчун баҳона барои муқобила бо онон истифода бурд ва баъдан таҳсилоти диниро низ манъ кард. Ҳоло воизони умдае, чун Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Эшони Абдухалил аз мавъизагӯӣ барканор карда шуда, мадрасазои динӣ баста шудаанд ва дар бораи маҷбуран тарошидани ришҳо ва кашидани ҳиҷоб гузоришҳо ба даст мерасанд. Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ аз тарси ҷон тарки Тоҷикистон кардаву феълан дар куҷое дар Аврупост.”

Сабаби дуввуми ноком шудани раванди як замон намунаи ибрати сулҳи Тоҷикистонро ба хомӯшии тарафҳои кафили ин сулҳ, бахусус Русияву Эрон, СММ ва САҲА рабт медиҳад. Ӯ менависад, ин ду созмони мӯътабар ба аҳди супурдаашон ба идомаи пайгирии раванди сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон амал накарданд, балки хомӯширо ихтиёр карданд.

Муаллиф аз ҷумла аз изҳороти дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар солгарди 10-уми имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон мисол меорад, ки ҳеҷ ишорае ба поймол шудани нуқоти муҳими ин созишнома надошт. Бан Ки Мун соли 2015 зимни сафараш ба Тоҷикистон низ бо Эмомалӣ Раҳмон бештар аз масоили об сӯҳбат кардаву дар нишасти хабариаш танҳои як ҷумлаи кӯтоҳ дар бораи зарурати иҷрои тавсияҳои СММ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон ба забон овард. Ҳатто замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарқонуни кишварашро тағйир дод, то салтанаташро бақои бештар диҳад, ин ду созмони бонуфуз хомӯшона тамошо мекарданд. Намояндагии СММ, ки соли 2000 барои “кӯмак дар сохтани институтҳои демократӣ ва ҳамкорӣ дар риояи ҳуқуқи инсон” боз шуда буд, дар асл ҳеҷ коре накард.

Маъсума Турфа аз хомӯшии муассисаҳои СММ низ интиқод карда, аз ҷумла аз ЮНЕСКО мисол овардааст, бо онки Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмон дар бораи фарҳанг сухан меронад, «ЮНЕСКО ягон бор масъалаи вазъи риққатовари озодии баён дар бахши ҳунар(ва дар бахшҳлои дигар)-ро матраҳ намекунад.”

САҲА ҳам, ки 5 интихоботи ахир дар Тоҷикистонро назорат кардааст, ба навиштаи муаллиф, ҳар дафъа аз чигуна гузаштани ин маъракаҳо интиқод мекунад, вале «дар бораи нокомии ин интихоботҳову раъйпурсиҳои пуртақаллуб ва поймол шудани ҳуқуқи инсон ба қадри кофӣ ҳарф намезанад.”

Ва бо онки «Human Rights Watch ва «Хабарнигорони бидуни марз пайваста аз вазъи журналистони зиндонӣ бонги изтироб баланд мекунанд, садои маҳкумият аз сӯи СММ ва САҲА аҳён ба гӯш мерасад,” – навиштааст муаллиф.

Маъсума Турфа инчунин аз адами таваҷҷӯҳи Русияву Эрон ҳам ба шикасти сулҳ дар Тоҷикистон гуфта, тахмин задааст, ки шояд ин ду кишвар байни ҳам барои тақсими таъсир дар ин кишвар ба тафовуқ расидаанд. Ва сабаби бетаваҷҷӯҳии ба назари муаллиф ҳайратовари Эрон дар қазияи ҲНИТ-ро, ки ин қадар сол ҳимоят мекард, дар ҳамин мебинад.

Ӯ ба ин назар аст, ки шикасти раванди демократикунонии Тоҷикистон ва хомӯш кардани садои мухолифин боис шудааст, ки ҷавонони тоҷик ҳарчӣ бештар рӯ ба ифротгароӣ оваранд. “Танҳо ба ДИ тибқи иттилои расмии мақомот  1094 нафар шаҳвандони Тоҷикистон пайвастаанд” — менависад Маъсума Турфа.

(Дар таҳияи матлаб аз тарҷумаи торнамои akhbor.com истифода шуд)

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика