Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодгоҳи Ҳисор ҳанӯз ҳам ба махфӣ будани парвандаи таҷовуз таъкид мекунад

Додгоҳи Ҳисор ҳанӯз ҳам ба махфӣ будани парвандаи таҷовуз таъкид мекунад

Додгоҳи шаҳри Ҳисор баъди авфи як таҷовузкор зимни пурсиши сабаби авф ба расонаҳо гуфтааст, ки парванда муҳри махфӣ дорад ва сабаби авфи таҷовузкор ошкор карда намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде дар ин бора ба миён омад. Баъзе аз шаҳрнависон чунин рафтори додрасро танқид карда, «беаҳамиятӣ нисбат ба озору азияти ноболиғон» номиданд.

Ҳатто кор то ҷое расид, ки иддае аз корбарон барои ошкор кардани ному насаби додрас ҷоизаи 100 долларӣ эълом карданд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ менависад, ки хонаводаи духтари 13-сола, ки ҳафт моҳ пеш тифл ба дунё овард, низ аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва бо ёрии вакилони мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд. Пайвандони ҷавони афвшуда ҳукми додгоҳи Ҳисорро «одилона» ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро «туҳмат» мешуморанд.

Дар додгоҳ  бо баҳонаи парванда «муҳри махфӣ» доштан гуфтаанд, ки наметавонанд ҷузъиётро ошкор кунанд.

Ба иттилои манбаъи хабар, худи додраси парванда ҳозир нашудааст, ки дар бораи ҳукми содиркардааш муфассал суҳбат кунад ва ба пурсишу нигарониҳои корбарони интернет посух диҳад.

Додгоҳи Ҳисор рӯзи 9-уми декабр ин сокини ҷавони шаҳрро, ки ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гумонбар буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум ва баъдан бар асоси қонуни афв озод кард.

Бори охир қонуни афв моҳи октябри соли 2019 қабул шуда буд. Намояндагони додгоҳ ба вакили мудофеи духтар гуфтаанд, азбаски ҳодиса моҳи августи соли гузашта иттифоқ уфтода, қонун афв моҳи октябр қабул шуд, қонун метавонад нисбат ба гумонбар татбиқ шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular