Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНизоми номуваффақ: идеология, ҷаҳонишавӣ ва фарҳанг

Низоми номуваффақ: идеология, ҷаҳонишавӣ ва фарҳанг

Бознашри мусоҳибаи Меҳмоншо Шарипов бо хабаргузории «Озодагон» аз соли 2017
Ин мусоҳиба ҳарчанд севуним сол аз он гузаштааст қимати худро гум накарда, баръакс мутобиқтар ба имрӯз шудааст. Бинобар ин Паём тасмим гирифт онро бознашр намояд

Оё  мо метавонем ғаразҳои идеологӣ ва хаёлии худро ба фаҳмиши илмӣ табдил додан ва воқеияти иҷтимоии худро дигар кардан?
Карл Маннҳейм

 Хдо додай хдмонае е е!  
Бобои Файз  

Озодагон: Идеология дар чи заминаҳое ба вуҷуд меояд. Дар шароити феъли  чигуна кишварҳо мувафақ ба сохтани як идеологияи мустаҳкам ва ягона шуда метавонанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода: Чун аз идеология ҳарф мезанем аввал кӯшиш бояд кард то гуфти Хоҷа Ҳофиз ‘дар пардаи пиндор’ намонем. Аз рӯзгоре, ки идеология ҳамчун илм шинохта шуда баҳс байни онҳое, ки идеологияро як чизи абстракти ва дур аз воқеият медонанд ва онҳое, ки  идеологияро ибтидои ҳамагуна амалҳои иҷтимои- сиёсӣ медонанд давом дорад. Вале дар ҷомеаҳое, ки мардум худ таҷрибаи ҷомеа ва давлатсозӣ надоранд  ва онро ба мерос гирифтаанд ё чун тӯҳфа қабул кардаанд чунин баҳс вуҷуд надорад. Дар ин ҷомеаҳо, ки ҷомеаи мо ҳам мутассифона ба он дохил мешавад чи будани идеологияро ҳам муаян накардаанд ва танҳо дар бораи идеология  ҳарф мезананд. Аслан ин раванди фикр нест ва маънии созанда надорад, балки зиёд гуфтан аст, ки аз раванди идеологиясозӣ танҳо як унсурро дорост, ки он пропоганда ё ташвиқу тағриб аст. Ташвиқу тағриб дар ҷойи холӣ. Барои аз ин  пардаи пиндор дур будан он сӯтар аз идеология дар бораи ҷомеа ва сатҳи зиндагии мардум бояд фикр кард то моҳияти идеологияро дарк кардан тавонем. Ба  ҳарфи дигар  мақсад аз доштани идеологияи муваффақ  ин доштани ҷомеаи донишбунёд ва одилона аст ва худ дониш ва таҷрибаи сохтани чунин ҷомеа моҳияти будани идеологияро ташкил медиҳанд. 

Карл Маннҳейм  муаллифи китоби “Идеология ва Утопия” (Ideology and Utopia, 1936)  саволе пешниҳод карда буд, ки “оё мо метавонем ғаразҳои идеологӣ ва хаёлии худро ба фаҳмиши илмӣ табдил додан ва воқеияти иҷтимоии худро дигар кардан?”. Ба фикрам ин савол имруз ҳам чун ҳамеша  аҳамияти худро гум накардааст ва ишорат ба  он мекунад, ки мақсад аз идеология ин амал кардан аст на танҳо гуфтан. Яъне ба гуфти Аллома Иқбол  “фикри равшанбин амалро раҳбар аст.” Ва дар ин гуфтугӯ бояд мавқеи баъзе мунаққидони идеологияро бояд шинохт, ки дар таърихи инсоният боиси фоҷиа шудаанд. Масалан он чи Наполеон ба идеология арзиши кам қоил мешуд ва ё мавқеи Маркс агарчи инқилобӣ ва нав буд боиси хатогиҳои сиёсии марксизм гардид. Он чи  Маркс дар “Тезисҳо дар бораи Фейербах” гуфта буд, ки то имруз файласуфҳо дунёро чи хел ва чи гунагиашро шарҳ медоданд вале мақсад дунёро дигар кардан ва аз нав сохтан аст на шарҳ додан, фикре хуб аст вале кам гирифтани фикр ё идеология боиси харобиҳо дар Шӯравии собиқ гардид, ки ин мавзӯи баҳси дигар аст ё шояд ба он баргардем. 

Дар ҷомеаи  Тоҷикистон  барвақт боз мардум дар бораи зарурати доштани идеология   менависанд, мегӯянд ва баҳс доранд. Гуфтан  мумкин аст то соли 2011 фикрҳои таҳлилии хубе дар ин бора нашр шудаанд, вале мутассиффона то ҳануз зарурати масъаларо бо он ки дар зиндагии худ ҳис кардаанд, он чунон ки бояд бошад матраҳ накардаанд.  Ҳанӯз  соли 2012 дар Озодагон суҳбате нашр шуда буд  “Тоҷикистон бе идеология? Боварнакарданӣ!”  ва соли 2013 профессор О. Зоҳидов  дар Азия Плюс мақолаи танқидии ба воқеият наздикро нашр карда буд. Ин  рӯзҳо боз як бори дигар дар бораи зарурати идеология ҳамчун “як сипари маънавӣ” (Фаттоҳзода)  дар баробари мавҷи ҷаҳонишавӣ  ва ин ки ‘идеология дорем ва онро набояд ихтироъ’ кард ҳарф мезананад.  Аслан дар  гуфтугӯҳо атрофи идеология  ду маъни калидӣ ва муаянкунанда аст яке масъалаи ташаккули дониш дар бораи ҷомеа ва дигаре доштани мавқеи равшани сиёсӣ барои сохтану дигар кардани ҷомеа.  Онҳое, ки месозанд илму таҷрибаи созанда метавонанд дошт. 

Имрӯз  ҳукумронии фасод, бесалоҳиятӣ ва буҳрон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт шоҳиданд, ки дар мо ин масъала ҳанӯз дар воқеияти гап ва дар шиорҳост.  Ва  дар  гуфтаҳо ва навиштаҳои    намояндагони ба истилоҳи Раҳнамо соҳибони  “тафаккури давлатмеҳвар, ки баъзан ҷуръат карда дар бораи вазъи cиёсии худ ва дунё чизе мегӯянд ва менависанд наметавон маънии ба воқеият наздикро пайдо кард. Гуфтан  мумкин аст ки заминаи аслии шаклгирии идеологияи муваффақ ин амали созандаи ба дониш ва илм такя кунанда аст ва дар мо  на ҷомеа инкишоф ёфта ва на фикре ё илме, ки дар таркибҳои ҷомеа реша дошта бошад.

Дигар  ин ки вақте дар бораи “идеологияи мустаҳкам ва ягона” ҳарф мезанем як чизро бояд дар хотир дошт, ки инсоният дар асри гузашта  таҷрибаи талхеро аз сар гузаронида, ки  барои ҳама ва барои мо ҳам бояст ки омӯзанда бошад. Ин маъниро бояд дарк кард, ки мақсад аз идеология доштан худ идеология нест ё мақсад ба хотири идеология қурбонкардани мардум нест чи гунае, ки ба хотири идеологияи фашистӣ ва ё коммунистӣ миллионҳо мардумро қурбон карданд. Шояд  шумо аз ин маънӣ халосии мардумро аз  парокандагӣ, аз байн бурдани ҳукумронии фасод, ҷаҳл ва  хаосро дар назар дошта бошед ё ба ҳарфи дигар ваҳдат ва истиқлоли воқеии мардуми ин сарзаминро дар назар доред?

Озодагон: Бале, ва бештари мардум дар орзуи чунин идеологияи  мустаҳкам ва ягонаанд, ки тавонад бунёди ваҳдат ва истиқлоли мардум бошад. Пас мушкили надоштани идеология дар ҷомеаи мо дар куҷост?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:  Бубинед, чи гунае ки дар боло қайд кардем, таҷрибаи асри бистуми инсониятро бояд хуб шинохт, ки мақсад аз идеология танҳо худи идеология нест балки ташкили зиндагии мардум ё сохтани ҷаҳони солиме барои мардумест, ки дар ин сарзамин зист доранд.  Баъди  шикасти фашизм ва ин чунин дар солҳои ҷанги сард бархурдҳои идеологияи коммунистӣ ва либералӣ мардум зарур набудани нест кардани хонаи худ ва ҳаёти худро ба хотири идеология хуб дарк карданд. Ин  падидаро дар ҷомеаҳои ғарбӣ Лотард (Jean –Francois Lyotard) дар китоби классикии худ “Шароити пасомдуернӣ: Ҳисобот дар бораи дониш (The Postmodern Condition: A Report on Knowledge, 1979) баҳои равшан дода буд, ки мардум дигар ба қиссаҳои бузург (grand narrative) боварӣ надоранд. Ва Лотард   бештар дар бораи баланд  шудани мавқеи илм, технология ва санъат дар ҷомаеҳои ғарбӣ ҳарф мезанад. 

Инчунин  шикасти фашизм ва баъдтар коммунизм исбот карданд, ки нашояд мардумро қурбони идеология кард.  Дар Олмони фашистӣ мегуфтанд “Фюрер ҳамеша ҳақ аст” ва дар Шӯравӣ такрор мекарданд “ҳизб ҳеҷ гоҳ хато намекунад”, Ҳитлер мегуфт “Миллат бояд ғолиб бошад ва ё пурра нест гардад”, дар Шӯравӣ мегуфтанд “Қаҳрамонона барои  Шӯравӣ ба ҷанг меравем ва ҳамчун як тан дар ин мубориза ҷон медиҳем” ва чунон ки медонем яке бо лагерҳои консентратсионӣ ва дигаре бо Гулаг кори худро ба охир расониданд.  Ин  як дарс буд, ки мақсад аз идеология на идеология балки бо истифода аз арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои мавҷудаи ҳар як қарина (контекст) сохтани ҷомеа ва шароити солими инсонист. Дигар чиз, ки аз ҳамин давраи бархурди идеологияҳои бузург омӯзанда аст ин аст, ки дар бисёр мамлакатҳои зери таъсири ин идеологияҳо монда сиёсатмадорони номуваффақ ва демогог аз ҳолати буҳронии мардуми худ истифода карда зери шиори ‘идеологияи ягона ва мустаҳкам’ низомҳои худкома ва мустабид ташкил медоданд, ки аз тарафи давлатҳои қудратманди давр ё соҳибони аслии идеология сарпарасти карда мешуданд. Воқеан набоштани фикри худи ва истеъморзада будани фикр дар ин қаринаҳо имкони сохтани ҷомеаи солими худиро намедод. 

Ва  як сабаби надоштани идеологияи воқеӣ дар Тоҷикистон дар ҳамин аст, ки давлатмардон, якум, аз мақсади аслии доштани идеология, яъне идеология чаро зарур аст бехабаранд; дуввум ҳанӯз ҳам зери ҳамин иллюзияи “идеологияи мустаҳкам ва ягона” мондаанд ва аз механизму таркибҳои воқеии идеологиясоз хабар надоранд.  Чун  худ сохтаи идеологияҳои овардаи дигарон ҳастанд, наметавонанд ҷомеаи театрикунонидашударо дигар кардан ва дар вуҷуди он рӯҳи нав ворид кардан. То  ҷое дар ибтидои баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо баланд бардоштани шиорҳои “демократия”,  “либерализм”, “бозори озод”, “дунявият” ва инчунин ташкили ҳизбҳое зери мафҳумҳои “демократи”, “сотсиалистӣ”, “халқи демократӣ”  хостанд нишон додан, ки чизе дигаргун шудааст, вале ин ҷуз шиорбозӣ ва идеологиябозии дур аз воқеият чизи дигаре набуданд. Ҳизби коммунистӣ худ барвақт бо барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ ба киштии ғоратшуда ва шикаста табдил ёфта буд.  Дар  ҷомеаҳое, ки  давлатмардон ин асли созандагии ҷомеаро, ки як раванди бо дониш ва илм такя кунанда  аст ва худ таҷрибаест, ки боз боиси зоиш ва истеҳсоли донишу илми нав мешавад, нашинохта бошанд  бештар ба ботлоқи демогогия, идеологиябозӣ ва утопия меафтанд. Қариб ҳама мақолаҳое, ки ҳамин авохир дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ дар ин мавзуъ навишта мешаванд идеология — утопия- хурофот- задаанд аз онҳо наметавон барои сохтани ҷомеа истифода кард, чаро ки бо воқеияти Тоҷикистон коре надоранд ва дар раванди сохтани ҷомеа ва субъектҳои ҷомеа нақше надоранд.   

Хулоса метавон гуфт, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон  ‘мутаффаккирони давлатмеҳвар’ба ҷои шинохт ва баррасии вазъи хароби ҷомеа ва ба ҷои  пешниҳод  кардани тарҳи воқеии созандаи ҷомеа ва идеология,  мардумро ба баҳси  “бархурди идеологияҳо”, “фарҳанг зери фишори идеологияҳо”,  “таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ” ва ғайраро  дар ҷомеаи Тоҷикистон кашидаанд.  Ин  гуфтугӯҳо дар қаринаи Тоҷикистон аслан наметавонистанд будан агар давлатмардон дониши воқеии ҷомеасози ва мавқеи равшани сиёсӣ  медоштанд.  Гузашта аз ин  агар амнезияи сиёсӣ надошта бошанд Тоҷикистон  давлати соҳиб истиқлол аст ва барои ҳар як давлате, ки аз истиқлол ҳарф мезанад дар дунёи имрӯз будани ин таҳдидҳо, бархурдҳо, фишорҳо як кори табиист ва бояд бошанд.  Дар равандҳои сиёсии дунёи имрӯз  чунин мушкилисозиҳо ва гуфтугӯҳо ҷуз парда болои камзарфиятӣ, бесалоҳиятӣ ва камфаъолиятии наметавонанд будан. Ин аст ки имрӯз бештари мардуми ин сарзамин танҳо дар сатҳи  он фазои сиёси — фарҳангӣ  ҳарф мезанад ва фикр мекунад хоси давлатҳои сеюм ва ҷангзадаи дунёст. Мантиқи ашё ва рӯйдодҳо бар ин аст, ки “мо” ҳанӯз мо нашудаем ва  ҳанӯз ҷаҳонӣ нашудаем ва аз фарҳанги ҷаҳонии имрӯз хабар надорем ва ин фарҳанг аз мо хабар надорад. Ҷаҳон, имрӯз аслан бо мо, ки ҳанӯз аз бозиҳо ва маризиҳои дохилӣ ба худ наомадаем, коре надорад. … Набудани раванди созанда дар ҷомеа  ва нашинохтани мавҷу авҷи ҷаҳонишавӣ боиси  бузург шудани қиссаи “муҳофизат аз ҷаҳонишавӣ” мегардад.  Воқеан,  идеология бо иллюзия ва фаҳмишҳои нодуруст дар бораи моҳият ва маъниҳои ҷомеа коре надорад ва дониши танқиди — таҳлилии илмӣ мехоҳад.       

Озодагон: Албатта мо дар қисмати сӯҳбат дар бораи “ҷаҳонишавӣ” ба ин масъалаҳои зикр кардаи идеологҳои имрӯзаи Тоҷик бармегардем. …Гуфтаниед, ки идеология дар Тоҷикистон нест? Пас  “сипари маънавӣ”,  ки идеологҳои ҳукумати мехоҳанд ташкил кардан чи гуна метавонад бошад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:  Мутассифона, идеология нест, ва  он чи дар бораи идеологияи вуҷуд дошта мегӯянд ҳама дар сатҳи гап аст ва дар воқеият вуҷуд надорад. Идеологияи дар сатҳи гап ва хаёл (утопия) наметавонад илмӣ будан ва наметавон аз он барои сохтмони ҷомеа ва муносибатҳо истифода кардан. Аслан он чи дар суханрониҳо ва мақолаҳои роҳбарон аст бояст ки дар воқеият бошад на баръакс, зеро асли идеология ин амал аст. Ҳанна Арендт китобе дорад бо унвони “Шароити инсонӣ” (HumanCondition) ва дар он ҷо дар бораи зарурати ҳар ду ҳаёт, ҳаёти фаъол (vita activa) ва ҳаёти фикркунанда (vita contemplativа) ҳарф мезанад, ки аз Юнони қадим боз исбот шудаанд, ки мақсад нигоҳ доштан ва баланд бурдани сифати ҳаёти инсон аст. Бояд гуфт, ки яке аз китобҳои калидист барои онҳое, ки воқеан ба сиёсати созанда сару кор доранд. Ва онҳое, ки дар асри бистум дар шинохти назарияи  идеология  саҳме доранд мисли Маннҳейм, намояндагони мактаби Фронкфурт, Алтуссер, Грамшӣ ва дигарон дар ҳамин фикранд. Дар қаринаи Тоҷикистон ҳар ду, фикр ва амал ё идеология ва сиёсати равшани ба он такя кунанда ҳанӯз вуҷуд надоранд. Бо ин системаи фасод, ҳукумронии маризиҳои таърихӣ, гурези мардум аз воқеияти сахти Тоҷикистон, афзудани сафи муҳоҷирони иҷборӣ, ноумедии мардум, набудани бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудӣ,  ҳоло хело барвақт аст  дар бораи  “идеологияи фарогири сиёсӣ”, “сипари маънавӣ”, “ватандорӣ” ва “мактаби давлатдории соҳиби андешаи худӣ” ҳарф задан. Бояд, сатҳи дуруғ ва тарсро поён ва пурра аз байн бурд.

Имрӯз Тоҷикро на танҳо сипар балки силоҳи маънавӣ зарур аст то дар дунёи имрӯз фикру ҳарф ва мавқеи  худро дошта бошад. Дунёи ҳеҷ гоҳ ҷои бечоранолӣ набудааст ва бахусус онҳое, ки аз мавқеи қудрат ва идеология ҳарф мезананд набояд ба ин роҳ диҳанд. Барои воқеан доштани силоҳу сипари маънавӣ, аввал раванди ҷори кардани диктатураи як ҳизбро болои ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ва ҳизбҳои дигари Тоҷикистон манъ кардан даркор. Дуввум, шароите ташкил кардан даркор, ки зиёии Тоҷик ба касе вобаста набошад ва тавонад барои ин давлату миллат фикр ё донишу илми воқеӣ истеҳсол кардан. Сеюм, ин ки таҷрибаҳои созанда,  технологияҳои ҷомеасоз, уллуми иҷтимоии мамлакатҳои тарақикардаро бояд омӯхт ва истифода кард на шиорҳо ва идеологияи онҳоро. Чорум,  аз арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои исломӣ, коммунистӣ ва либералӣ ки дар ин сарзамин вуҷуд доранд набояд бархурд ташкил кард, балки аз онҳо  дар раванди сохтмони ҷомеа ва шахсияти мардум бояд истифода кард. Панҷум, пеши  раванди ба тудаҳои бефикр ва бефаҳм  табдил додани мардум ва шикастани фардҳоро бояд гирифт. Дигар ин ки ҷомеа ба фазои нави иҷтимои — сиёсӣ ва фарҳангӣ зарурат дорад, ки он бе идеяҳои нав наметавонад будан ва идея худ ҳамон вақт мешавад ки инсонҳо худ воқеияти худро рӯ ба рӯ шуда бошанд. Маънии аслии “идея” аз Юнонӣ ҳамин воқеиятро таҷриба кардан ё рӯ ба рӯ шудан аст. Бо назарияҳо ва идеологияҳои қарз гирифта наметавон идеологияи миллӣ доштан. Воқеаҳо ва таркибҳоеро ки воқеияти имрӯзаро шакл додаанд бояд шинохт ва вазъро амалан дигар кард. Ба хусус, он чи Ҳайдеггер таъкид мекард, бояст, ки нухбагони атрофи пешво огоҳ, ҳушёр ва дар сатҳи фарҳанги пешқадами дунёи имрӯз соҳибфикр бошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular