Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоҶойгузини Шавкат Мирзиёев ба маснади сарвазири Ӯзбекистон маълум гашт

Ҷойгузини Шавкат Мирзиёев ба маснади сарвазири Ӯзбекистон маълум гашт

Ҳизби либерал демократии Ӯзбекистон, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи президентии Ӯзбекситон сарвазири ин кишвар Шавкат Мирзиёевро ҷонибдорӣ мекард, баъд аз пирӯзии ӯ ва соҳиб гардидан ба курсии раёсатҷумҳурӣ дар ҷаласи Шӯрои сиёсии худ 12 уми декабри соли равон ба мансаби сарвазирӣ Абдулло Ариповро пешниҳод намуд.

Дар ин бора дар сомонаи интернетии ҳизби мазкур хабаре пахш гардидааст. Гуфта мешавад, ки Абдуло Арипов 13 уми сентябри соли равон аз ҷониби он замон президенти муваққатӣ Шавкат Мирзиёев чун ҷониши сарвазир таъин гардида буд. Таъкид мегардад, ки Арипов зодаи шаҳри Тошканд аст ва қаблан дар пайи як моҷарои пурсарусадо дар атрофи баста шудани фаъолияти ширкати мобилии Узб МТС, ки бо моҷарои духтари Ислом Каримов Гулнора Каримова низ алоқадор буд, ба коррупсия муҷрим дониста шуда, аз вазифаи худ сардори Оҷонсии алоқа ва мухобиротии Ӯзбекистон барканор гашта буд. Вай чун шахси мансабдор ба ҳуҷҷатҳое имзо гузошта буд, ки ба Ширкати муштараки мобилии Ӯзб МТС ба насби даҳҳо ретрансляторҳои ғайриқонунӣ иҷозат медод. Додситонии кулли Ӯзбекистон дар қиболи ин ширкати муштараки Русияву Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ кушода, соли 2013 бо қарори додгоҳ ҳамаи амволи онро дар дохили кишвар ба ҳисоби давлат мусодира намуд.

Баъд аз марги Ислом Каримов Шавкат Мирзиёев зимоми қудратро ба даст гирифта, Абдуло Ариповро ба кори ҳукумат бозгардонд. Гуфта мешавад, ки Абдулло Арипов аз ташаббускорони ташкил намудани сомонаи интернетии Шавкат Мирзиёев буд, ки аз мардум дар бораи мушкилоти зиндагиашон номаҳои шикоятӣ қабул мекунад ва ин амал дар муддати кӯтоҳ обрӯи Сарвазир ва номзад ба курсии раёсатҷумҳуриро дар байни мардуми Ӯзбекситон боло бурда буд.

Дар доираҳои сиёсии Ӯзбекситон номи Рустам Азимови 58 сола, ки нахустмуовини сарвазир буд ва яке аз ҷойгузинони Ислом Каримов дониста шуда, дар пайи як муноқиша бо Шавкат Мирзиёев ба ҳабси хонагӣ маҳкум гашта, аммо дубора озод гардида буд, дигар ба забон намеояд ва тақдири минбаъдаи ӯ низ норӯшан аст.

Интизор меравад, номзадии Абдулло Арипов, ки Ҳизби либерал демократӣ ба мансаби сарвазирӣ пешниҳод намудааст, дар иҷлосияи Парлумони Ӯзбекистон имрӯз, 13 уми декабр тасдиқ гардад. Назар ба хабарҳои расида, маросими тоҷгузории Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 уми декабр баргузор хоҳад шуд. Вай дуюмин президенти Ӯзбекситон, кишвари сернуфуси Осиёи Марказӣ аст, ки пас аз марги Ислом Каримов дар пайи як сабқати умумихалқӣ 4 уми декабри соли равон бо гирифтани зиёдтар аз 88 дарсади оро президенти Ӯзбекситон интихоб гардид.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика