Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷиддин Пирзода бори дигар ба раёсати “Тоҷиксодиротбонк” расид

Тоҷиддин Пирзода бори дигар ба раёсати “Тоҷиксодиротбонк” расид

Тоҷиддин Пирзода, бонкдори тоҷик ва раиси собиқи “Тоҷиксодиротбонк”, ки моҳи май бо дастури Бонки Миллӣ аз вазифааш барканор карда шуда буд, дубора ба ин вазифа баргаштааст.

Баъди ба бӯҳрони молиявӣ гирифтор шудани калонтарин бонкҳои Тоҷикистон — “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” Тоҷиддин Пирзода аз вазифааш барканор шуда, ҷои ӯ Мирҳаёт Ёқубов — аз наздикони Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон барои се моҳ таъин карда шуд. Бонки Миллӣ ин иқдомро наҷот додани “Тоҷиксодиротбонк” аз бӯҳрон қаламдод кард. Баъдан ин мӯҳлат ба се моҳи дигар тамдид карда шуд. Аммо “Тоҷиксодиротбонк” на танҳо аз бӯҳрон наҷот наёфт, балки ба он жарфтар ғӯтид.

Як манбаъ дар «Тоҷиксодиротбонк» ҳамон вақт сабаби дароз карда шудани мӯҳлати роҳбарони навро дар наёфтани роҳҳали аз бӯҳрон баромадани бонк шарҳ дода буд: «Карор буд, ки инҳо дар муҳлати се моҳ санҷишу таҳлил карда, роҳи раҳоӣ аз буҳрон меёфтанд. Маблағҳои депозитии бонкро бармегардонданд. Вале мо то имрўз на маош ва депозитҳои муштариёнро дода наметавонем.  Ба назар мерасад, ки ин бонк ба ҷайби бонки миллӣ меравад ё саҳмияҳояшро 50 дарсад ҳукумат ва боқимондаро шахсони ҳуқуқӣ мехаранд. Роҳи дигар нест. Тоҷиддин Пирзода, раиси собиқи бонк, ки 58 дарсади саҳмияҳои бонк моли ўянд дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дафтари корӣ дорад ва онҷо мешинад».

Тибқи иттилои “Азия плюс” 80 дарсади саҳмияҳои ин бонк ба давлат гузашта, барои аз бӯҳрон наҷот додани он 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аммо ин маблағ аз куҷо ва бо кадом шарт дастрас шудааст, маълум нест.

Бо баргашти Пирзода аввалин вазифае, ки назди ӯ гузошта шудааст, баргардонидани амонатҳои муштариёни ин бонк аст. Гуфта мешавад ин бонк наздик ба 40000 муштарӣ дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?