Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Бадахшон лимит ҷорӣ шуд

Дар Бадахшон лимит ҷорӣ шуд

Сокинони чанд ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят кардаанд. Ин дар ҳолест, ки «Барқи тоҷик» ду ҳафта пеш эълон кард, ки «лимит»-ро дар саросари кишвар бекор кард.

Ба иттилои Радиои Озодӣ сокинон дар вилояти Бадахшон гуфтанд, ки дар шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соат барқ мегиранд ва он ҳам шабона. Аммо намояндагони ширкати «Помир энержӣ», ки вилоятро бо барқ таъмин мекунанд, иддао доранд, ба сокинон аз 14 то 17 соат барқ медиҳанд.

Ба гуфти шоҳидони ҳол беш аз даҳ рӯз инҷониб бдар вилояти Бадахшон бо маҳдудият барқ медиҳанд.

Сокинони вилоят ба расона шиуоят кардаанд, ки набудани барқ дар сардиҳои зимистон барои хонаводаҳо мушкилоти зиёде пеш овардааст. «Ҳарорати ҳаво ин шабу рӯз то 9-10 дараҷаи зери сифр поин мефарояд. Шаб мешавад, барқ нест. Кӯдакон наметавонанд дарс тайёр кунанд. Ҳаммомҳои умумӣ кор намекунанд, шустушӯ кардан мушкил аст. Медонед, дар бебарқиву торикӣ мисли одами нобино зиндагӣ дорем».

Гуфта мешавад,  сокинони 5 ноҳияи ВМКБ аз камбуди нерӯи барқ дар шароити сарди зимистон шикоят доранд.

Шоҳфозил Шоҳназиров, роҳбари бахши тавлиди нерӯи барқ дар ширкати «Помир энержӣ», гуфтааст, ки сабаби асосии камбуди барқ ба «фавқуллода кам шудани сатҳи об дар дарёи Ғунд ва сардии ҳаво» рабт дорад.

Ба гуфти ин масъули ширкати «Помир энержӣ» «дар болооби дарёи Ғунд ҳаво то 22 дараҷа сард аст ва зиёд яхсел меояд. 

Шоҳназиров гуфтааст, дар Яшилкул 400 миллион метри мукааб об ҳаст ва аз он иҷоза дорем, ки 150-160 миллион метри мукааб об гирем. Яшилкул барои нерӯгоҳҳои мо як обанбор аст, ки барои зимистон захира мекунем. Аммо имсол моҳҳои ҷамъкунии об сард омад ва об захира нашуд. Бо мурури кам шудани оби дарёи Ғунд аз Яшилкул об изофа мекунем. Дар он ҷо ҳам ҳаво то 35 дараҷа сард шудааст. Аз ин рӯ, ба қадри зарурӣ аз он об гирифта натавониста истодаем».

Ба гуфтаи Шоҳназиров, айни замон нерӯгоҳҳои ширкати «Помир энержӣ», бинобар сардии ҳаво тақрибан бо 80 дарсади иқтидорашон фаъолият доранд. Вай афзуд, ба ҷуз аз шаҳри Хоруғ дар гӯшаҳои дигари вилоят маҳдудият ҷорӣ шудааст ва «мардум вобаста ба шароиту ҷойи зисташон дар шабонарӯз аз 14 то 17 соат барқ мегиранд».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular