Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПарвозҳо ба Истамбулу Дубай бештар мешаванд

Парвозҳо ба Истамбулу Дубай бештар мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати зиёд кардани парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Дубай ва Истанбул иҷоза дод.

Акнун дар хатсайрҳоДушанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта чор маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд. Қаблан бо ин самтҳо ба ширкатҳо иҷрои танҳо як парвоз иҷоза буд.

“Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвозҳои иловагӣ ба Дубай ва Истанбул иҷоза дод. Акнун ширкатҳои ҳавопаймоии «fly Dubai» ва «Сомон Эйр» дуборӣ ба як самт ва бозпас аз он ҷо парвоз мекунанд”, — хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар самти Душанбе-Исттанбул ширкатҳои «Turkish Airlines» ва «Сомон Эйр» низ ду парвозӣ иҷро мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 ноябр ширкати ҳавопаймоии fly Dubai  анҷоми парвозҳо дар ду хатсайр — рӯзи шанбе аз Душанбе ба Дубай ва рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Душанберо . То ин дам парвозҳо ба ин самт дар як ҳафта як маротиба — рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе — бозпас иҷро мешуданд.

Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус бо мақсади “пешгирии паҳншавӣ ва хуруҷи мавҷи дуюми сироят, ки айни замон дар саросари дунё ба мушоҳида мерасад”, чунин тасмим гирифт.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ бо Чину Русия ва Ӯзбекистон то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular