Олимони Коллеҷи Донишгоҳи Лондони Бритониё доруи наверо озмоиш мекунанд, ки бааъди истеъмол дар организми одам дарҳол масъуният ба коронавирус тақвият меёбад. Дар ин бора хабаргузории “The Guardian” хабар додааст.
Доруи мазкур Storm Chaser номида шудааст. Онро коллеҷ дар ҳамкорӣ бо ширкати дорусозии AstraZeneca таҳия кардааст.
Ин дору коктейли антивуҷудҳо (антитела) бар зидди SARS-CoV-2 мебошад, ки дар ду марҳила истифода мешавад. Интизор меравад, ки масуният баъди истеъмоли чунин омехта дар тӯли чанд рӯз пайдо шавад. Барои муқоиса, дигар ваксинаҳо ба инкишофи антивуҷудҳо дар давоми як моҳ мусоидат мекунанд.
Офарандагони Storm Chaser мегӯянд, ки агар омӯзиш натиҷа диҳад, доруро ба беморон дар беморхонаҳо ва хонаҳои пиронсолон фармоиш додан мумкин аст, то сирояти коронавирусро пешгирӣ кунанд. Ғайр аз он, онро аксар вақт дар байни донишҷӯёне, ки дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, истифода бурдан мумкин аст.
Олимон интизор доранд, ки ин дору аз 6 то 12 моҳ аз коронавирус эмин хоҳад дошт. Ҳоло, дар марҳилаи якуми озмоишҳои клиникии инсон, ба даҳ нафар ихтиёриён коктейли антитела дода шуд. Агар аз ҷониби танзимгарон тасдиқ карда шавад, Storm Chaser метавонад дар фасли баҳор ба муомилот барояд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

