Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗаминларзаи 6,3 баллӣ Хорватияро ларзонд

Заминларзаи 6,3 баллӣ Хорватияро ларзонд

Заминларзае бо бузургии 6. 3 риштер рӯзи сешанбе маркази ҷумҳурии Хорватияро ларзонд.

Ба гузориши “Асошейтед Пресс”, Маркази ларзашиносии аврупоии баҳри Миёназамин эълом кард, ки ин зилзила дар 46 километрии ҷануби шарқии Загреб — пойтахти Хорватия ва дар умқи 10 километрӣ аз сатҳи замин рух додааст.

Аз хисоратҳои ин заминларза ҳанӯз гузорише нашудааст.

Ин заминларза дар саросари Хорватия, минтақаи Балкан ва ҳамчунин дар Сербия, Босния, Италия ва Австрия эҳсос шудааст.

Пас аз зилзила дар Хорватия, ҷумҳурии Словения дар иқдоме пешгирона нерӯгоҳи ҳастаии худро таътил кард.

Заминларзае бо қудрати 5. 2 риштер низ рӯзи душанбе Хорватияро ларзонда буд, ки талафоте надошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular