Туркия дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон як пойгоҳи низомӣ месозад.
Дар ин бора канали Telegram WarGonzo бо такя ба як манбаи худ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сарбозон, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои амрикоии F-16 дар Озарбойҷон мустақар карда хоҳанд шуд.
Айни замон, сохтмони иншооти низомӣ зери ниқоби барқарорсозии зерсохтори шаҳрвандӣ ҷараён дорад.
Раисҷууми Туркия Раҷаб Эрдуғон пас аз ба охир расидани ҷанги Қарабоғ аз вазъи сиёсӣ дар минтақа норозӣ аст. Ӯ ба ин назар аст, ки нерӯҳои Русия ваколатҳои истисноӣ ба даст оварданд.
Илова бар ин, русҳо бо роҳандозии як фурудгоҳ дар пойтахти Қарабоғи Кӯҳӣ — Степанакерт мавқеъҳои худро тақвият доданӣ ҳастанд.
Тахмин меравад, ки ҳайати шахсӣ, чархболҳо ва тайёраҳои туркӣ ба пойгоҳи низомӣ дар Ганҷа мустақар хоҳанд шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

