Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафир вазъи баамаломада бо донишҷӯён дар Русияро шарҳ дод

Сафир вазъи баамаломада бо донишҷӯён дар Русияро шарҳ дод

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вазъи бамиёномада бо донишҷӯёни тоҷикистониро, ки наметавонанд вуруди Русия шаванд, шарҳ дод.

Тавре сафир таъкид дошт, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо вазоратҳои марбутаи кишвар дар ин масъала дар иртибот аст.

Донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои Русия, ки наметавонанд вуруди кишвар шаванд, метавонанд дипломашонро ғоибона ҳимоя кунанд.

Пештар дар ин бора вазири илм ва таҳсилоти олӣ Валерий Фалков изҳор дошта буд.

Феълан, ҳудуди ҳазор донишҷӯи курси як ва ҳудуди чор ҳазор донишҷӯёни дигар наметавонанд вуруди Русия шаванд, ҳамаи онҳо дистансионӣ таҳсил мекунанд, гуфт Сатторов ба Sputnik Тоҷикистон.

«Бо пайдо шудани якум имкон, донишҷӯён ба Русия меоянд ва таҳсилро идома медиҳанд. Ҳоло ки марзҳо бастаанд, вазъи эпидемиологӣ ба ин имкон намедиҳад», — тавзеҳ дод сафир.

Ба гуфтаи вай, дар масъалаи таҳсили дистансионӣ мушкилие нест ва таҳсил идома дорад.

«Он донишҷӯёне, ки вобаста ба вазъият натавонистанд кореро анҷом диҳанд, эҳтимоли ғолиб хориҷ нашаванд, роҳбарият вазъро ба назар гирифта, ба донишҷӯён имкони таҳсилро медиҳад», — қайд кард вай.

Тавре сафир таъкид дошт, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо вазоратҳои марбутаи Русия дар ин масъала дар иртибот аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular