Ҷумҳурии исломии Эрон эълон кард, ки ғанисозии 20-дарсадии уранро дар таъсисот ё коргоҳи зеризаминии Фарду (Фордов) аз сар гирифтааст.
Ин сатҳи ғанисозии уран аз ҳадде, ки дар созиши ҳастаии соли 2015-и Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ зикр шудааст, баландтар аст.
Алии Рабеӣ, сухангӯйи ҳукумати Эрон, рӯзи 4-уми январ гуфт, барои анҷоми ин кор дастури раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ содир шудааст.
Аз замони берун шудани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2018, Теҳрон татбиқи ин созишномаро кам кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

