Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Узбекистон ба ифшогарони фасод мукофот медиҳанд

Дар Узбекистон ба ифшогарони фасод мукофот медиҳанд

Минбаъд ҳукумати Узбекистон ба касоне, ки аз ҳолатҳои фасодкорӣ ва ришвахорӣ ба мақомот хабар медиҳанд, мукофотпулӣ пардохт мекунад.

Дар ин бора Ҳукумати Ӯзбекистон муқарраротро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, аллакай тасдиқ кард

Хадамоти матбуотии Вазорати адлия иттилоъ дод, ки ҳукумат бо фармони худ низомномаеро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, тасдиқ кард.

Дар иттилоияи  Вазорати адлия гуфта шудааст, ки «афроде, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ гузориш додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тариқи дигар саҳм гузоштаанд, метавонанд бо мукофоти яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 25 арзиши ҳисобшудаи асосӣ, аз 64 то 530 доллар мукофотонида шаванд».

Агар миқдори ришва ё зарари расонидашуда аз 100 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи музди меҳнати ҳадди аққал бошад (аз 2,5 ҳазор доллар), пас мукофот дар ҳаҷми 10-15% аз арзиши ришва ё амволи тасарруфшуда пардохт карда мешавад, шарҳ додааст, хадамоти матбуот.

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, дар ду соли охир дар кишвар 986 мансабдор барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, зарари ин гуна ҷиноятҳо 2 триллион сӯм (тақрибан 200 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад.

Аз 1 июли соли 2019 Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон барои сабти видеоии вайронкунии ҳаракат дар роҳҳо ба додани мукофотҳои пулӣ оғоз намуд. Маблағи подош барои ҳар як видео 5% аз музди меҳнати ҳадди аққал (тақрибан $ 3) -ро ташкил медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular