Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиорҳои «Истеъфо Раҳмон»дар Хуҷанд

Шиорҳои «Истеъфо Раҳмон»дар Хуҷанд

Пойгоҳи сиёсӣ ва таҳлилии Ислоҳ ТВ” бо нашри як навор дар Ютуб хабар дод, ки шаби 3 январ дар як гузаргоҳи зеризаминӣ дар шаҳри Хуҷанд шиорҳои зидди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро навиштаанд.

Дар видео дида мешавад, ки дар рӯи фарш дар ин гузаргоҳ “Раҳмонов – истеъфо!” навиштаанд ва дар девор ду шиори дигар “Раҳмонов, даст аз зулм бардор!” ва “Инқилоб наздик аст!” дарҷ шудааст.

“Ислоҳ ТВ” қаблан хабар дода буд, ки ин шиорҳо дар яке аз гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе навишта шудаанд.

Вале Оятулло Гиляев, яке аз троллҳои “ҳукуматӣ” инро рад кард ва гуфт, бо сарфи 10 литр бензин ҳамаи 25 гузаргоҳи зеризаминии Душанберо тафтиш кард, вале нишоне аз чунин шиорҳо пайдо накард.

Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири “Ислоҳ ТВ” баъдан гуфт, амдан макони ин навиштаҳоро нодуруст гуфтааст ва дар асл ин шиорҳо дар гузаргоҳи зеризаминие дар назди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, дар рӯбарӯи манзили раиси собиқи вилояти Суғд Қосим Роҳбар, ҳоло – раиси Кумитаи рушди маҳаллҳои ҳукумати Тоҷикистон навишта шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular