Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАсъор ва иқтисод 06.01.2021

Асъор ва иқтисод 06.01.2021

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 6 январ эълон кардааст

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 15 сомониву 3 дирам нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 11 сомониву 30  дирам  арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13 сомониву 86 дирам  арзёбӣ кардааст.

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1957 доллару 88  сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 54 доллару 47 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 50 доллару 44 сент муомила шуд.

Тайи 11 моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон 2260 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд, ки дар қиёс бо соли 2019 96 корхона зиёд аст

Бино ба маълумоте, ки Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ба хабаргузории Sputnik Тоҷикистон додааст, аз ин теъдод дар соҳаҳои истихроҷ 266 (соли 2019 – 252), коркард – 1837 (1744), таъмини барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 76 (76) ва таъмини обу коркарди партовҳо — 81 корхона фаъолият доштанд.

«Аз теъдоди умумӣ 687 (30,4%) корхона ба вилояти Суғд, 618 (27,3%) – Хатлон, 475 (21,0%) – Душанбе, 426 (18,9%) — ба Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва 54 (2,4%) ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд», — иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Ба ҳамин минвол, тибқи ин манбаъ, тайи моҳҳои январ то ноябри соли гузашта, ба шумули соҳибкорони хусусӣ, ба маблағи 27 миллиарду 620,5 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019 10,0% аз рӯи нархҳои қиёсӣ зиёд аст.

Ин рақам аз нишондоди кулли соли гузашта, ки 27 миллиарду 586,6 миллион сомониро ташкил медод, бештар аст.

Агентӣ иттилоъ медиҳад, «Омили аслии рушди ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатӣ афзудани тавлиди саноати коркард ба 17,4%, барқу газ, буғ ва тозакунии ҳаво ба 0,7% аст».

Бино ба ин манбаъ, қисмати умдаи тавлидоти саноатӣ 62,2 дарсад ба саноати коркард, 23,6% ба таъмини барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 13,6% ба саноати истихроҷ ва 0,6% ба таъмини обу коркарди партовҳо ва ба даст овардани ашёи хоми дуюмдараҷа рост меояд.

Қаблан Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки саҳми тавлидоти саноатии Тоҷикистон дар содирот кишвар ҳудуди 99% — ро ташкил медиҳад.

Бонки осиёии рушд соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи 320 млн доллар кумаки бебозгашт расонид.

Ба иттилои намояндагии доимии БОР дар Душанбе бастаи кумакҳои мазкур аз лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика, инчунин кумаки таъҷилӣ барои муқовимат бо пандемияи коронавирус иборат буданд.

Охири соли 2019 намояндагони ин Бонк хабар додаа буданд, ки мутобиқи нақшаи навшудаи индикативӣ ва бо ишора ба мавҷуд будани маблағ ва омодагии лоиҳаҳо, давоми солҳои 2020-2022 Тоҷикистон дар ҳаҷми 404 млн доллар кумаки молиявӣ мегирад.

Дар соли 2020 барои дастгирии ҷумҳурӣ ҷудо гардидани ҳудуди 140 млн доллар ба нақша гирифта шуда буд.

То ин дам, замони маъқул донистани нақшаи индикативии кумак давоми солҳои 2019-2021 дар бораи ба ҷумҳурӣ пешниҳод намудани 125 млн доллар дар соли 2020 сухан мерафт.

Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад. То ин вақт давоми солҳои 2015-2017 кумак тариқи 50/50, яъне 50% — қарз ва 50% — грант расонида мешуд.

Пурра гузаштан ба грантро намояндагони БОР чунин маънидод карданд, ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар мегардонанд.

Қаблан аз соли 2008 то соли 2015 Тоҷикистон бо сабабҳои дар боло зикршуда аз ин муассиса танҳо маблағгузории бебозгашт мегирифт.

БОР яке аз бузургтарин мададрасонони Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1998 то ин дам Бонки мазкур ба Тоҷикистон зиёда аз 1,9 млрд доллар ҷудо кардааст, ки беш аз нисфи он ба грантҳо рост меояд.

Давоми солҳои 2021-2023 ин ниҳоди молиявӣ дар шакли грант ба Тоҷикистон ҷудо кардани зиёда аз 323 млн долларро ба нақша гирифтааст.

Маблағгузории сармояи асосӣ дар ҳаҷми тақрибан 10,2 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 970 миллион доллар дар Тоҷикистон аз ҳама манбаъҳо то 1 декабри соли 2020 аз худ карда шудааст. Идораи омори ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 115 миллион сомонӣ ё худ 1,1 дар сад камтар аст.

Дар қаламрави Ноҳияҳои Тобеи Ҷумҳурӣ басармояи асосӣ нисбатан бештар сармоягузорӣ шуда,  зиёда аз 4 миллиард сомонӣ, ки тақрибан 40 дар сади ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад, сарф шудааст.

Дар қаламрави Душанбе тақрибан 2,8 миллиард сомонӣ ё 27,3 дар сад, дар вилояти Хатлон — қариб 2 миллиард сомонӣ  ё 19,5 дар сад, дар Суғд — тақрибан 1,1 миллиард сомонӣ ё 10,6 дар сад, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 200 миллион сомонӣ ё 3,2 дар сад сармояи асосӣ аз худ карда шудааст.

Маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ маҷмӯи хароҷотест, ки ба иҷрои корҳои сохтмонӣ, тавсия, азнавсозӣ ва барқарорсозии фондҳои асосӣ равона карда шудааст. Ин хароҷоти хариди таҷҳизоти нав, мошинсозӣ, парвариши ниҳолҳои нав ва ғайраро дар бар мегирад.

Зиёда аз нисфи сармоягузориҳоро давлат ҷудо кардааст, ки беш аз 5,2 миллиард сомонӣ мебошад.

Ҳиссаи бахши хусусӣ 25,9 дар сад беш аз 2,6 миллиард сомонӣ, 22,5 дар сад — сармоягузории хориҷӣ, тақрибан 2,3 миллиард сомонӣ ва 0,2 дар сад — сармоягузории муштарак 22,1 миллион сомониро ташкил дод.

Тақрибан 60 дар сади тамоми сармоягузориҳо ба объектҳои саноатӣ сарф карда шуданд, ки зиёда аз 6 миллиард сомониро ташкил мекунад.

Аз ҷумла, барои бунёди иншооти энергетикӣ 4,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст, ки тақрибан нисфи он ба НБО Роғун ҷудо шудааст.

Хароҷот барои сохтмон, таҷдид, барқарорсозии иншооти ғайриистеҳсолӣ тақрибан 4,1 млрдро ташкил медиҳад

Зимнан, дар тӯли 11 моҳи соли равон манзилҳо бо масоҳати умумии тақрибан 1,1 миллион метри мураббаъ, 12 мактаби миёна, 36 пункти ёрии таъҷилӣ, 5 беморхона ва 7 муассисаи томактабӣ ба истифода дода шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular