Тибқи омори ироакардаи Вазорати молия, Тоҷикистон барои бахши тандурустӣ дар шароити пандемии вируси коруно ду баробари манобеи таъйиншуда дар буҷаи соли 2020-ро харҷ кардааст.
Бар асоси ин омор, аз ибтидои соли 2020 то поёни ноябр барои бахши беҳдошту дармони кишвар як миллиарду 800 миллион сомонӣ харҷ шудааст, ки ду баробар аз манбаъи таъйиншудаи буҷаи соли гузашта бештар аст. Яъне, қаблан агар ҳукумат барои тамоми соҳаи тандурустӣ — нигоҳдории беморхонаҳо, хариди лавозимоти тиббӣ, моҳонаи табибон ва бахши идории вазорати тандурустӣ ва садҳо самти дигар 900 миллиард сомонӣ масраф мекард, пас танҳо барои мубориза бо вируси коруно ҳамин миқдори дигар харҷ кардааст.
Ду баробар афзоиш ёфтани буҷаи як соҳа, ҳатто дар замони бӯҳрони шадиди ин соҳа низ, наметавонад аз назарҳо пинҳон монад ва ҳар корафтодаи оддӣ бояд инро мушоҳида кунад. Дар намунаи Вазорати тандурустӣ ҳар бемор ва корафтодае, ки ба бемористонҳои Тоҷикистон дар соли 2020 ворид шуд, бояд эҳсос мекард, ки давлат дорад соҳаро дастгирӣ мекунад. Аммо оё чунин шуд?
Тамоми хабару гузошришҳо ар расонаҳо ва назару андешаҳои мардум, аз ҷумла шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин далолат мекард, ки мақомоти Вазорати тандурустӣ на танҳо буҷаи беморхонаҳоро афзоиш надоданд, балки кӯшиши гирифтани даромад аз беморонро афзоиш доданд. Ҳеҷ доруе ба гирифторони коруно бепул тақсим нашуд, давлат ҳатто як адад дастгоҳи нафаси сунъӣ нахарид, моҳонаи табибон афзоиш наёфт, ниқобу либоси муҳофизатиро табибон ё худашон хариданд ё мардум барояшон таҳия намуд, ҳатто хӯроки табибон аз ҳисоби давлат набуд.
Доруро мардум худаш мехарид ва бо қимати то 30 баробарӣ(!), дастгоҳҳои нафаси сунъиро ё созмону кишварҳо хайрия доданд ё тоҷирон, ниқобу либосҳои муҳофизатӣ, ки куллан кӯмаки башардӯстонаи хориҷиву дохилӣ буду бепул расида, ба табибон фурӯхта шуд, хӯроки табибонеро, ки шабонарӯз заҳмат мекашиданд, мардум таъмин карданд. Табибон на танҳо моҳонаашон боло нарафт, балки барои кори шабонарӯзӣ ҳам ҳақи хидмат нагирифтанд. Раисҷумҳур ваъда кард аз ҳисоби фонди захиравиаш, ки аз буҷа ҷудо мешавад, маоши семоҳаи иловагӣ ба табибон падохт кунад, аммо онро ҳам касе надид. Пас 900 миллион сомонӣ ба куҷо масраф шудааст?
Ин ҳам дар ҳолест, ки кишвар дар ин муддат беш аз 700 миллион доллар, ки беш аз 7 миллиард сомонӣ мешавад, кӯмак дарёфт кард, ки даҳҳо миллион доллари он маҳз ба соҳаи тандурустӣ ва мубориза бо коруно ирсол шуда буданд.
Тибқи иттилоъи дафтари намояндагии доимии Бонки осиёии рушд соли 2020 ин бонк ба Тоҷикистон ба маблағи 320 млн доллар кумаки бебозгашт расонидааст. Аз маблағҳо бузурги дарёфткардаи Тоҷикситон дар соли гузашта, қарзи 189 миллиондолларии Хазинаи байналмиллалии асъор аст, кумаки 50 миллиондолларии Сандуқи субот ва рушди АвруОсиё ва кӯмаки беш аз 50 миллиондолларии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ҳамчунин кишвар аз чандин институтҳои молиявӣ ва кишварҳои пешрафта кӯмаку хайрия дарёфт кард, ки дар умум беш аз 700 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Тоҷикистон соли гузашта пинҳонӣ аз Чин ҳам беш аз 200 миллион доллар кӯмак гирифтааст.
Бӯҳрони бавуҷудомада аз густариши коронавирус сабаб шуд, ки бахши даромади буҷаи соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бознигарӣ шавад, ки дар натиҷа 2, 5 миллиард сомонӣ коҳиш ёфт. Яъне ҳудуди 250 млн долларе, ки бояд аз буҷа масраф мешуд, нашуд. Қасрии буҷаи соли 2020 Тоҷикистон ба ҷойи 350 миллион сомонии пешбинишуда ба 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ расид.
Соли гузашта ҳукумат фурӯши тилло ва сангҳои қиматбаҳоро бо суръат афзоиш дод. Дар даҳ моҳи соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи $690 млн. сангу металҳои гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо ба фурӯш баровард. Агар дар ду моҳи охир низ фурӯши сангу тилло дар ҳамин сатҳ бошад, пас дар умум соли гузашта тиллои Тоҷикистон ба маблағи 830 миллион доллар ба хориҷа рафтааст. Аз маълумоти ироакардаи Агентии омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ин нишондиҳанда ба ба 55 дарсади содироти умумии кишвар дар даҳ моҳро ташкил медиҳад. Маблағи умумии содироти кишвар дар январ-ноябри соли 2020 ба $1 млрд. 253 баробар будааст. Тибқи иттилоъи манбаъ, содироти сангу металҳои қиматбаҳо нисбати ҳамин давраи соли 2019 беш аз 3,1 баробар афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки фурӯши сангу металҳои гаронбаҳо дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 125 баробар бештар карда шуда буд. Яъне ҳукумат дар соли 2020 нисбат ба соли 2018 480 баробар бештар тилло фурӯхтааст.
Ҷамъи ин рақамҳо як рақами фантастикиро пеш меорад, ки ҳукумат бояд бидуни таъхир ва қайду шарте дар бораи онҳо ба мардум ҳисобот диҳад.
Инак:
$700 млн доллар кӯмаку хайрияҳо;
$830 млн фурӯши тилло;
$200 млн кӯмаки пинҳонии Чин;
$250 млн масрафи камшудаи буҷа
Ҷамъ: 1 миллиарду 980 миллион доллар.
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2020 ба $2,6 доллар баробар буд. Рақами боло ба 76 дарсади буҷаи Тоҷикистон баробар аст. Коршиносон мегӯянд, аз ин ду хулоса баровардан мумкин аст:
1. Буҷаи Тоҷикистон ҳудуди 40-50 дарсад иҷро шудааст ва боқимондаи онро давлат аз ҳисоби пулҳои дар болозикршуда пур кардааст. Аз ин мешавад натиҷа гирифт, ки иқтисоди Тоҷикистон на танҳо чуноне, ки мақомот мегӯянд 3 дарсад рушд кардааст, балки чуноне, ки коршиноси масоили иқтисодӣ пешбинӣ карда буд, 30-40 дарсад кӯчактар шудааст.
Аммо Кумитаи андоз мегӯяд, ки нақшаи ҷамъоварии андозро, ки буҷа асосан аз он шакл мегирад, 90 дарсад иҷро кардааст. Дар сурати ба ин сатҳ иҷро шудани нақша, ҳади ақал ниёз ба фурӯши тилло намемонад. Агар Кумитаи андоз рост мегӯяд, пас 830 миллион пули фурӯши тилло ба куҷо масраф шудааст? $200 млн кӯмаки пинҳонии Чин ва ҳади ақал $300 млн қарзу кӯмакҳои дигар, ки барои дастгирии буҷа ва иқтисод дода шудаанд куҷо шуданд?
2. Сатҳи дуздиву фасод дар зинаҳои болоии ҳукумат хеле боло рафтааст ва гурӯҳе қисми асосии ин пулҳоро медуздад. Зоҳиран ин гурӯҳ медонад, ки умри ҳукумат як-ду соле беш нест ва мекӯшад ҳарчӣ бештар маблағ ба ҳисобҳои офшориаш ирсол намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ на танҳо аз қарзу грантҳо, балки дар бораи самти масрафи пулҳои мардум (буҷа) ва захираҳои мардум (тиллову сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъодин) ҳисобот надодааст. Танҳо ҳамин масорифи имсола, ки ба 2 миллиард наздик шудааст ба ҳар сари аҳолии кишвар 220 доллар рост меояд. Ба ҳар хонаводаи иборат аз 6 нафар 1320 доллар. Яъне ҳукумат бидуни иҷозаи шумо 1320 доллар пулатонро масраф кардааст ё шуморо 1320 доллар қарздор намудааст.
Ин ҳам агар ҳукумат ғайр аз Чин дигар аз ҳеҷ ҷои дигаре кӯмаки пинҳонӣ нагирифта бошад. Кӯшиши гирифтани кӯмакҳои пинҳониро ҳукумат ҳамеша мекунад. Барои мисол, ҳоло ният дорад аз Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи Барномаи Рушди Тандурустӣ кумаки молиявӣ гирад. Дар охири моҳи декабр раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дастур дод, ки лоиҳаи созишномаро бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ӯҳдадор шуд, ки дар бораи сана ва ҷои имзои созишномаи зикршуда ба мувофиқа расад.
Тибқи супориши раисҷумҳур, матни лоиҳаи созишнома, ки ҳаҷми кумаки гирифтамешударо нишон медиҳад, ба касе нишон дода намешавад ва расонаӣ нахоҳад шуд.
Хулоса, маълум набудани самти масрафи 2 миллиард доллар метавонад гувоҳи ин бошад, ки ё кишвар вориди шадидтарин бӯҳрон шудааст, ки баромадан аз он дигар номумкин аст ва ё сатҳи дуздӣ ба ҷое расидааст, ки дуздон дар фикри тарки кишвар ҳастанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

