Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФаъолон хостори сахттар кардани ҷазо ба кӯдакозорон шуданд

Фаъолон хостори сахттар кардани ҷазо ба кӯдакозорон шуданд

Гуруҳе аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як муроҷиатнома ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони маҷлисҳои болоиву поёнии парлумон Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзо ва Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, ки таваҷҷуҳи давлат ба масъалаи хушунати шаҳвонӣ дар баробари кӯдакон дар Тоҷикистон бештар шавад ва қонун ҷазоҳои сахтаре пешбинӣ кунад.

Ба иттилои хабаргузории АзияПлюс 54 созмонӣ ҷамъиятӣ ва фаъолони иҷтимоӣ зери ин нома имзо гузоштаанд. Ин гуруҳ талаб кардаанд,  ки «фанҳои тарбия/таълими масоили ҷинсӣ барои кӯдакони аз синни 4 сола ва боло мутобиқи инкишоф ва дарки масоили мазкур дар гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ» дар низоми таҳсилоти кишвар роҳандозӣ шуда, тақозо кардаанд, ки кори Комиссия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла ташрифи мунтазам ба оилаҳо ва таълими падару модарон тақивят ёбад. 

Ин фаъолони иҷтимоӣ дар муроҷиати худ бо ишора ба зиёд шудани мавридҳои хушунати шаҳвонӣ дар баробари кӯдакон дар ҷаҳон ва Тоҷикистон гуфтаанд, ки хостори таваҷҷуҳи бештари давлат, мақомот ва ҷомеа барои пешгирӣ ва аз миён бурдани ин падида ҳастанд. 

Ин муроҷиаткунандагон гуфтаанд, ки омори воқеии хушунати шаҳвонӣ ё кӯдакозории ҷинсӣ дар Тоҷикистон номаълум аст, аммо танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2020 16 ҳолати пурсарусадои таҷовузи кӯдакон расонаӣ шудааст. 

Ин гуруҳ ҳамчунин хостаанд, ки марказҳои давлатии тавонбахшӣ барои ин гуна қурбониён, таҳияи сиёсати миллӣ оид ба пешгирии хушунат нисбат ба кӯдакон, хусусан духтарон ташкил шавад ва дигар аснод дар сатҳи давлатӣ пазируфта шаванд. 

Ин гуруҳ ҳамчунин хостаанд, ки талошҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин росто муштарак шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular