Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲабиб танҳо бо шарти пардохти $100 млн ба майдон меравад

Ҳабиб танҳо бо шарти пардохти $100 млн ба майдон меравад

Барои бо Ҳабиб Нурмагомедов дар UFC мубориза бурдан размоварон Майкл Чандлер ва Диллон Денис омодагии худро эълом кардаанд, вале Ҳабиб танҳо ба шарти пардохти 100 млн ба майдон баромаданист

Алӣ Абдул-Азиз, менеҷери қаҳрамони вазни сабуки UFC Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи муборизаи эҳтимолии қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Флойд Мейвезер ва Ҳабиб андешаҳои худро баён намудааст.

Абдулазиз гуфтааст, «Барои мубориза бо Мейвезер ба мо 100 миллион доллар пешниҳод карданд то Ҳабиб бо ӯ дар риштаи бокс биҷангад. Дар гуфтушунид Дана Уайт ҳам буд. Аммо шумо медонед, ки Ҳабиб муборизи MMA аст. Агар Флойд хоҳиши ба ММА омаданро дошта бошад, бигзор Ҳабиб дасту остин барзанад, ҳеҷ мушкиле нест» .

Бояд гуфт, ки барои бо Ҳабиб дар UFC мубориза бурдан размоварон Майкл Чандлер ва Диллон Денис омодаанд, вале доғистонӣ танҳо ба шарти пардохти 100 млн ба майдон баромаданист.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Ҷастин Гетҷии амрикоӣ дар мусобиқаи UFC-254 хотимаи корномаи варзишияшро эълон кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular