Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистоун Афғонистону ИМА баргузор шуд

Мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистоун Афғонистону ИМА баргузор шуд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам мулоқот карданд.. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ин мулоқоти маҷозӣ имрӯз, 7-уми январи соли 2021 баргузор шуд. Вазорат дар мавриди чигунагии ин нишаст ва масоили дар он гузориш надода, танҳо гуфтааст ин мавзуъ дар мулоқоти рӯзи 4-уми январи сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ бо вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ шудааст.

Вазорати хориҷа нишасти маҷозии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз мавзуъҳои вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Кобул  дониста гуфтааст, ки  рӯзномаи он бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон баррасӣ шудааст. 

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар як хабарномаи нашркарда дар саҳфаи расмии интернетияш гуфтааст, ки «Шарифӣ дар мавриди омодагиҳои кишвараш перомуни роҳандозии нишасти сеҷониба миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба оқои Атмар маълумоти муфассал дод».

Аммо вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар мавриди ҷузъиёти ин нишаст чизе нагуфтааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular