Додситонии шаҳри Ҳисор Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистонро ба «авбошӣ» муттаҳам кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Пайвандонаш гуфтаанд, ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо айни иттиҳом (авбошӣ) дар боздошт қарор дорад.
Дар ҳоле ки пайвандони Ҳабибулло Ризоев иттиҳоми зидди ӯро беасос мешуморанд, Додситонии Ҳисор дар хулосаи худ зикр кардааст, ки «ӯ бо ҳаракатҳои қасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои «б» ва «в» (авбошӣ) айбдор карда шуд.»
Яке аз наздиконаи Ҳабибулло Ризоев рӯзи 8-уми январ гуфтааст, ӯро барои гуё бетартибӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор айбдор кардаанд. Ин ҳодиса моҳи октябри соли гузашта ва замоне ки Ҳоҷиакбар, писари дигари Маҳмурод Одинаевро ба артиш бурданӣ буданд, иттифоқ уфтодааст.
Ҳабибулло Ризоев барои ба артиш набурдани бародараш Ҳоҷиакбар, ки ба иддаои онҳо биноии чашмаш заиф аст, бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ вориди баҳс шуд, вале бетартибӣ накардааст.
Аз ин пеш Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Маҳмурод Одинаевро барои он дастгир карданд, ки моҳи октябри соли 2020 дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор «дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.»
Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳфузанд, Маҳмурод Одинаев моҳи октябри соли гузашта дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаевро ғайриқонунӣ ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

